Тоҷикистон «Фалак» ва ҷашнҳои «Меҳргон»-у «Сада»-ро барои шомил намудан ба Феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 26.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Садаро ҷиҳати шомил намудан ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод намояд. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат баён карданд.
Президенти кишвар зикр намуданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Хусусан дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусиқии суннатии Шашмақом ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
29 ноябри соли равон бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии тоҷикон — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.
«Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад»,- таъкид карданд Пешвои миллат.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






