Вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ боздид намуд

Декабрь 17, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 17.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабри соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ боздид ба амал овард.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид бо шароити хизматӣ ва фаъолияти дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз наздик шинос шуда, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва таҳкими ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ дар масъалаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Вазир ба масъулини дидбонгоҳҳои сарҳадӣ супориш дод, ки ба масъалаи дар ҳолати хуб нигоҳ доштани низоми гармидиҳӣ диққати зарурӣ диҳанд, зеро дар ин минтақаи кӯҳистон зимистон тӯлонӣ шуда, ҳаво дар баъзе минтақаҳо то 45 дараҷа хунук мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат дар тӯли даҳ соли охир беш аз 150 дидбонгоҳҳои хурд ва бузург ба истифода дода шуданд. Ин дар ҳолест, ки сарҳадчиёни мо дар ҷабҳаи аввали ҳифзи марзи Ватан қарор дошта, амнияти  сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шабонарӯзӣ таъмин менамоянд.

Декабрь 17, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид