Вазорати корҳои дохилӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ кумак расонид

Декабрь 29, 2018 10:54

ХОРУҒ, 29.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур», воқеъ дар шаҳри Хоруғ, ки дар он ҷо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва маъюб нигоҳубин ва тарбия карда мешаванд, кумак расонида шуд. Кумак дар шакли пешниҳоди орд, биринҷ, гӯшт, равған, шакар, тухм, картошка, пиёз, карам ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар арафаи Соли нав расонида шуд.

Ҳамчунин барои кӯдакони ин марказ лавозимоти хониш ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.

Корманди  Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Чоршанбиев дар суҳбат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, маъюбону бепарасторон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаи маъюбон ва бепарасторон кумакҳои моддӣ расонида мешаванд».

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур» айни замон 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудро ба тарбия ва нигоҳубин фаро гирифтааст. Роҳбарият ва мураббиёни ташкилоти ҷамъиятии мазкур аз чунин иқдоми Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят хушнуд гардида, миннатдории хешро изҳор доштанд.

Илова бар ин аз ҷониби ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-и вилоят низ баҳри болида гардонидани хотири кӯдакони имконияташон маҳдуд барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла рақсу сурудхонӣ доир гардид. Кӯдакон аз чунин ташаббус ва барномаи фарҳангӣ шод гардиданд.

Декабрь 29, 2018 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст