ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: то 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб боз 85 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегарданд
МУРҒОБ, 22.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин ва сардтарин минтақа дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, сокинони он ба дастгириҳои бештари иқтисодию иҷтимоӣ ниёз доранд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 «Барномаи рушди иҷтимои иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016- 2020»-ро қабул намуд.
Барномаи мазкур бунёди як зумра иншооти муҳими хоҷагии халқро ба нақша гирифтааст. То имрӯз аз нисф бештари ин иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳияи дурдаст идома доранд. Муовини раиси ноҳия Исрор Исроров гуфт, ки «мутобиқи барномаи мазкур давоми 3 соли охир дар ҳудуди ноҳия 34 иншооти марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангиву саноатӣ бо харҷи 239 млн сомонӣ бунёд гардиданд. Дар айни ҳол барои бунёди 9 иншооти дигар 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд».
Муовини раиси ноҳия гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кору зиндагии сокинони ин ноҳияи дурдаст таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарфи назар аз дурии роҳ ва иқлими сарду боронӣ Пешвои миллат давоми 27 соли охир зиёда аз 20 маротиба ба ноҳияи Мурғоб сафари корӣ анҷом додаанд. Баъди ҳар як сафар дар ин ё он гӯшаи ноҳия ҳатман бинои хуштарҳу замонавӣ қомат рост мекунад. Моҳи сентябри соли гузашта барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии деҳоти ноҳия таҳкурсии устувор гузошта шуд. Дар ҳузури Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии Тоҷикистон дар болооби дарёи Оқсу ба кор андохта шуда, яке аз орзуҳои деринаи сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он ҷомаи амал пӯшид. Зеро то навсозӣ ин неругоҳ дар фасли зимистон ҳамагӣ то 400-500 кв-соат неруи барқ тавлид мекард ва сокинони маркази ноҳия мутобиқи реҷа аз 3 то 6 соат дар як шабонарӯз ба неруи барқ дастрасӣ доштанд.
Сокинони ноҳия барои гарм кардани хона ва пухтани таом аз як навъи растанӣ бо номи трескен истифода мекарданд. Дар 10 соли охир ин навъи растаниро дар наздикиҳо пайдо кардан ғайриимкон гашт ва бошандагони деҳа маҷбур мешуданд, ки барои дастрас кардани он аз 5 то 8 километр роҳ тай намоянд. Дар шароити иқлими сарди ноҳия тай кардани ин масофа чандон осон набуд. Ба ҷуз ин, растании трескен хӯроки асосии қутос аст ва аз байн рафтани он ба рушди соҳаи қутоспарварӣ монеа эҷод мекард.
Неругоҳи «Тоҷикистон» якуним ҳазор киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Он мушкилоти бебарқиро дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он аз байн бурда, сифати зиндагии деҳотиёнро боз ҳам беҳтар кард. Акнун манзили сокинони ноҳияи Мурғоб гарму равшан шуда, барои сайқал додани ҳунарҳои дастӣ шароити мусоид фароҳам гардид. Аксарияти бошандагони ноҳия ба чорводорӣ шуғл меварзанд ва аз пӯсту пашми чорво маҳсулоти гуногун тавлид мекунанд. Баъди ба истифода додани ин неругоҳ фаъолияти муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Маркази ноҳияи Мурғоб то соҳибистиқлолии Тоҷикистон дорои биноҳои якошёна буд, ки бештарашон хонаҳои чӯбини финӣ буданд. Танҳо дар солҳои 70-уми асри гузашта дар ин ҷо як бинои дуошёнаи истиқоматии 12- ҳуҷрагӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидаанд.
Айни ҳол маркази ноҳия симои худро ба куллӣ тағйир додааст. Дар хиёбони марказӣ зиёда аз даҳ адад биноҳои маъмурию маишӣ, таълимию тандурустӣ, қаҳвахонаву меҳмонхонаҳои хурду бузург бунёд ёфта, ба маркази ноҳия ҳусни бештар зам намудаанд.
Соли гузашта дар маркази ноҳия аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи табиати ҷумҳурӣ боғи фарҳангӣ бунёд гардид. Ин макон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, дар ихтиёри кӯдакон ва наврасон гузошта шуд. Акнун дар вақти таътили тобистона барои кӯдакону наврасон шароити хуб фароҳам оварда шуд ва онҳо ба бозиҳои варзишию фароғатӣ ва фарҳангӣ машғул мешаванд. Калонсолон ҳам имконият пайдо намуданд, ки дар боғи мазкур дар ҳалқаи фарзандону ҳамсолонашон вақти худро хуш гузаронанд.
Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия 85 иншооти мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва маишӣ бунёд мегарданд.








Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд






