«АНОДИЛ». Китоби Шаҳобиддини Ҳақназар иборат аз насри мусаҷҷаъ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Анодил» -таҳти чунин унвон китоби нави адиб ва рӯзноманигори варзида Шаҳобиддини Ҳақназар аз чоп баромад.
Ин китоб қисса ва ҳикояҳои солҳои охир таълифнамудаи муаллифро дар бар гирифтааст. Ба қавли муаллифи сарсухани китоб, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева Шаҳобиддини Ҳақназар дар китоби навбатиаш низ бо истифода аз сабки дӯстдоштааш «насри назмгуна» барои хонандагон қиссаву ҳикояҳои ҷолиб офаридааст.
Гулрухсор ба ҳунари нигорандагии муаллифи китоб баҳои баланд дода, гуфтааст, ки ӯ «ҳамвора насрашро бо назм оро дода, арӯс мекунад».
Китоб дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нашри Файз» ба табъ расида, барои доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






