«БИЁ, ТО ҶАҲОНРО БА БАД НАСПАРЕМ!..». Дониши ҳақиқӣ бо хурофоту ҷаҳолат дар ситез аст, вале ҳаргиз душмани дин нест

Январь 15, 2019 16:39

ДУШАНБЕ, 15.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз шиддат гирифтани хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ,  терроризму экстремизм ва шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ изҳори  нигаронӣ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро огоҳ сохтанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии хеш кӯшиш намоянд.  Ҳамзамон  шаклу  усулҳои муосири  мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳоро тақвият диҳанд. Дар робита ба ин вабои аср андешаҳои судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Мунира ҚУРБОНАЛИЗОДАро  пешниҳоди хонандагони АМИТ «Ховар» мегардонем:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар мулоқотҳояшон дар бораи таҳдид ва хатари терроризму экстремизм ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра ибрози андеша менамоянд ва аз аҳли башар даъват ба амал меоранд, ки бо ин вабои аср дастаҷамъона мубориза барем.

Мардуми кишвари мо  имсол 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн хоҳад гиифт.  Ҳарчанд аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлолият солҳо гузашта бошанд ҳам, вале то ҳол ашхосе ҳастанд, ки дастовардҳои солҳои истиқлолро нодида гирифта, сулҳу оромӣ, ободӣ ва тинҷию амониро дар мамлакати мо  мехоҳанд халалдор созанд. Дар шароити муташанниҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабию байнидавлатӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлативу миллӣ  барои ҳар яки мо масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Кадхудои олами сухан, муаллифи шоҳасари безаволу мондагор-«Шоҳнома» Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мегӯяд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Сатрҳои мавзуни фавқ ҳанўз асрҳо муқаддам вирди забонҳо гардидаанд. Вассофи бузурги достонҳои ҷовидонӣ Фирдавсии покзод бо ин мисраъҳои ноби худ ҳамчун шоири ҳамосасаро қудрати пирўзию иттифоқ, ваҳдату ҳамдилӣ, якраъйӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ, дўстиву рафоқат ва рушду пешравиро нишон додааст.

Мавриди зикр аст, ки 40-50 сол муқаддам аҷаб як давраи осоиши халқҳои олам ба шумор мерафт. Он айём вожаҳои «ифротӣ», «исломгаро», «тундгаро», «фундаментализм», «экстремизм», «терроризм», «экстремист», «моҷароҷўй», «террорист», «бунёдгаро», «фанатизм», «ифротгароӣ» ва ҳоказои дигар барои мардуми бофарҳангу соҳибхиради тоҷик тамоман бегона буданд. Ин халқи номдору диловар, ки аслан ба кору машғулияти осоиштаи худ банд буд, ҳатто намедонист, ки экстремизм  ва терроризм чисту чӣ маънӣ  дорад. Ифротгарояш кист, ҳомию пуштибонаш кист ва мақсаду маромаш чист?

Бояд гуфт, ки яке аз мутафаккирони бузурги замони худ Герберт Спенсер, ки бо таълимоти оламшумулаш маъруфу маҳбуб гардида буд, дар мавзўи тарбияи комили инсонӣ андеша ронда, чунин фармудааст: «Дониши ҳақиқӣ  бо хурофоту ҷаҳолат дар  ситез аст, вале ба дин ҳаргиз душман нест. Роҳи динситезӣ ва бадбинии дин тамоман чизи дигар аст. Дониши дурусту саҳеҳ ва маълумоти кофӣ касро ба фаҳмиши ҳақиқат водор менамояд».

Бешак, андешаи муҳаққиқону файласуфон дуруст аст. Гарчанде ки бархе аз ашхоси худраъю нопок ва бадният экстеремизмро дар либоси дин ҷилва медиҳанд, сахт иштибоҳ мекунанд. Онҳо дини мубини исломро имрўз барои худ чун ниқоб кардаанд. Аммо дини ислом нифоқу хусумат, мардумозорию куштор ва инсонбадбиниро сахт маҳкум карда, дар китоби муқаддаси «Қуръон»-и маҷиди азимушшаъни худ, пеш аз ҳама, дўстию ҳамдигарфаҳмӣ, бародарию баробарӣ, хайру саховат, некиву эҳсон, инсофу адолат, озодию истиқлол, амну субот, муруввату одамиятро муқаддас шуморидааст.

Боиси нигаронист, ки феълан ифротгароён ва террористони навбаромад бо суиистифода аз номи поки дини мубини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Пас саволе ба миён меояд, ки куҷост он асолати дину оин ва андешаи солиму созанда? Мақсаду мароми ин нафарони аз дин бехабар танҳо суиистифода аз дину мазҳаб ва бадном намудани ислому мусулмонон асту бас. Ба қавли бузургворе:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷўянду дин андароранд пеш.

Мутаассифона, баъд аз пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба дин тағйир ёфта, зимнан тамоми шароит барои  таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст.

Вале баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ин озодиро ба таври дигар фаҳмида, миёни мардум ба тафриқаандозӣ шурӯъ карданд. Маҳз бо мусоидати ТЭТ ҲНИ ва пайравони ҷараёнҳои «ваҳҳобияву салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир»-у «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва дигар аҳзобу ҳаракатҳои ифротгаро мардум ба гурўҳҳою минтақаҳо ҷудо шуда, кишварро ба вартаи фалокат дучор намуданд. Онҳо куштору террор ва бераҳмию бешафқатӣ, рў ба фирор овардани мардуму ҷангу низоъ ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстеремистӣ ва халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардумро ҳадафи хеш қарор доданд.

Беҳуда нест, ки соли 2015 Суди Олии Тоҷикистон Ҳизби нгаҳзати исломиро ташкилоти террористию экстремистӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламрави кишварамон мамнуъ эъон намуд.  29 январи соли 2016 сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай низ ТЭТ ҲНИ-ро ба рўйхати созмонҳои мамнӯи террористӣ шомил намуд ва ҳашт кишвари мутараққию бузурги ҷаҳон воқеан ташкилоти террористӣ будани собиқ ТЭТ ҲНИ-ро эътироф ва тасдиқ намуданд.

Мубориза бар зидди ин гуна ҳизбҳои «хасакӣ» ва зуҳуроти номатлуб вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус маҳсуб меёбад. Зеро экстремизму терроризм мисли заҳрпечак метавонанд майнаи ашхоси ноогоҳу бетаҷрибаро гиҷ сохта, рўҳияи онҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд. Бинобар ин мо, фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки ин падидаи номатлубро пайваста маҳкум намуда, ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надиҳем ва аз оқибатҳои ногувори он дар ғафлат намонем. Боз ба фармудаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ рў меорем, ки гуфтааст:

Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,

Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?

Январь 15, 2019 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти ҳастаӣ густариш меёбад
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Остона нахустин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то охири моҳи май идома меёбад
Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелятсионии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ВАТАН. Дар ҷузъу томҳои Артиши миллии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон оғоз шуд
Дар Хатлон нақшаи даъват ба хизмати Ватан бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: Дар Хатлон ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
«МУШКИЛОТИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ба имзо расид