Дар қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҷамъомади таълимию методӣ доир гардид

Январь 11, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии «Пойтахт» бо ҳайати афсарон ва прапоршикони дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии 0123-и кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози хониши зимистонаи соли 2019 ҷамъомади таълимӣ-методӣ ба роҳ монда шуд. Чунин ҷамъомади тантанавӣ ҳамзамон дар дигар ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ  баргузор гардид.

Тавре сардори Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими кушодашавии марҳилаи соли хониши 2019 аз ҷониби ҳайати афсарон ва прапоршикони дастгоҳи марказӣ ва қисми ҳарбии 0123-и қӯшунҳои сарҳадӣ бо қироати суруди миллӣ ва гузашти машқҳои сафӣ аз назди минбар оғоз карда шуд.

Роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иштирокдоронро бо оғози машғулиятҳои соли хониши зимистонаи соли 2019 табрик намуда, дар самти аз худ кардани мавзӯъҳои дарсӣ, баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ба ҳар як марзбон ҷасуриву мардонагӣ ва ҳушёриву зиракӣ таманно намуданд.

Таъкид карда шуд, ки моҳияти асосии давраҳои таълимӣ- ин омӯзонидани ҳар як хизматчии ҳарбӣ оид ба вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ, дониши касбӣ ва малакаи хуби ҷангӣ барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият мебошад.

Дар майдони сафороии Маркази таълимии “Пойтахт” аз ҷониби раёсати тайёрии ҷангии Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Кумита зиёда аз даҳ нуқтаҳои таълимӣ ташкил гардида, машғулиятҳо дар нуқтаҳои таълимии мазкур оид ба расонидани талаботи бехатарӣ барои фаъолияти ҳамарӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарони машғулиятҳо ба роҳ монда шуд.

Январь 11, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид