Фаъолони ноҳияи Лахш мазмуну мундариҷаи Паёми навбатиро ба мардум шарҳ медиҳанд
ЛАХШ, 16.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии гурӯҳи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Юсуфӣ бо фаъолон ва аҳли ҷамоати ноҳия баргузор гардид.
Меҳмонон мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии мамлакат ирсол гардид, ба сокинони ноҳия шарҳу тафсир намуданд.
Зимни тавзеҳи Паём Музаффар Юсуфӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарноке, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, сухан гуфта, саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф ҳамзамон ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ки дар симои ҷавонони имрӯза насли ояндасози миллатро мебинанд, даъват намуд.
Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ноҳия-кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи қуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, ҷавонон ва занони фаъоли ноҳия буданд, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар навбати худ муҳтавои онро дар маҳалҳои зисташон ба мардум мерасонанд.








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






