«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ» — унвони рубрикаи нав дар сомонаи АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 02.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ-манбаи аслии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, воситаи таълиму тарбия, фароғат, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чунин тавсиф намудааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковаги бузурги худ фарқ мекунад. Вале заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам маҳз китоб аст.
Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд
Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад.
Бо назардошти ин гуфтаҳо ва бо мақсади тарғибу ташвиқи бештари насли наврасу ҷавонон ба китоб ва китобхонӣ АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ рубрикаи навро таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» боз намуд.
Дар ин рубрика ҳамарӯза маводҳои ҷолибу хонданӣ доир ба эҷодиёти адибони тоҷик ва ҷаҳон, китобҳои нав, фаъолияти китобхонаҳо, китобдорӣ, китобхонӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонаҳо ва китобхонӣ, инчунин андешаҳои адибону олимон, шахсиятҳои барҷаста, мутахассисон ва коршиносон доир ба мавзуоти китобу китобхонӣ ҷой дода мешаванд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






