ҲИМОЯИ САРҲАД – ВАЗИФАИ ҲАМА. Бардошт аз мулоқот бо аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ
ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Панҷ бо ташаббуси фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби собиқадорон ва афсарони касбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо ташкил гардид. Гурӯҳи корӣ бо аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ вохӯриҳои судманд доир намуд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақсади вохӯриҳоро дар пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин воқифсозии онҳо бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар ва ҷалби аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ ба муҳофизати сарҳади давлатӣ арзёбӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷамъомадҳо намояндагони гурӯҳи корӣ дар бораи авзои ҷаҳон, вазъи сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, вазъи гардиши маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, тадбирҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳамкории аҳолӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва саҳми онҳо дар ҳифзи он ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.
Сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ иброз доштанд, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ набуда, балки масъулияти ҳамагон ба шумор меравад. Муборизаи дастаҷамъона метавонад сади роҳи ин омилҳо гардад. Аз ҷониби сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ пешниҳод гардид, ки чунин вохӯриҳо бо аҳолии наздисарҳадӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам ташкил карда шавад. Дар ин вохӯриҳо дар мавзӯъҳои «Ҳифзи сарҳади давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд», «Сарҳад муқаддас ва нангу номуси миллат аст» гузаронда шаванд. Инчунин бо мақсади таҳкиму баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии аҳолии наздисарҳадӣ гузаронидани амалиётҳои шартии гуногун ташкил карда, натиҷаи он мавриди баррасӣ қарор гирад. Даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд дар ҳар як ҷамоати минтақаҳои наздисарҳадӣ гурӯҳҳои «Дӯстдорони ҷавони сарҳадбон» ва «Дастаҳои ихтиёрии халқии сарҳадӣ» ташкил карда шавад.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






