«Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон». Бо ин ном китоби фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ ба нашр расид

Январь 19, 2019 12:03

ДУШАНБЕ, 19.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Аржанг» — и  Душанбе китоби нави фолклоршиноси тоҷик, номзади илми филология Дилшод Раҳимиро бо номи «Наврўз, Меҳргон  ва ҷашнҳои дигари ниёгон» ба табъ расонид.

Дилшод Раҳимӣ дар китоби мазкур ҷашнҳои миллии мавсимии тоҷикон: Наврўз, Меҳргон, Сада ва чанде дигарро падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангие номидааст, ки онҳо ба ҳодисаҳои табиӣ иртибот дошта, ниёгони мо – ориёиҳо бунёдгузори онҳо мебошанд.

Тавре муаллиф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ дод, дар масири пурталотуми таърих суғдиёну бохтариён, хоразмиён ва қавмҳои дигари ориёитабор ин ҷашнҳоро чун воситаи  пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва омили тақвиятбахши меҳру муҳаббат ба Ватан шинохта ва гиромӣ доштаанд.

«Авҷи шукўҳу ҷалоли ҷашнҳои мазкур ба даврони шоҳаншоҳии Сосониён ва Сомониён рост меояд. Аз осори адабию таърихӣ ва фарҳангӣ ҳувайдост, ки  аз шоҳону вазирон то мардуми одии заҳматкаш ҳама бо тантана ва шаҳомат ба таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ мепардохтанд»,- иброз дошт Дилшод Раҳимӣ.

Бояд зикр кард, ки ҳар як ҷашн мавқеъ ва замону шеваи баргузории вижаи худро дорад, вале Наврўз дар садри ҷашнҳои ниёгони мо мақом гирифтааст. Наврўз қадимтарин ва фархундатарин ҷашн дар рўйи олам мебошад. Он паёмрасони эҳёи табиат, мубаллиғи беҳтарин арзишҳову ғояҳои инсонӣ, пайвандгари дўстию амонӣ, ваҳдату ягонагии инсону табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ ва ғайра ба шумор меравад.

Ба ақидаи муҳаққиқ, Наврўз ба ягон воқеаи таърихии иҷтимоӣ ва ё лашкаркашию забткорӣ иртибот надорад, балки он бар асоси ҳодисаи тавозуни табиат, баробар шудани рўзу шаб бунёд ёфтааст. Аз ин рў, муҳаққиқон онро ҷашни эътидоли табиат, ҷашни адлу инсоф хондаанд.

«Ҷашни Наврўз ҳарчанд, ки аз даврони қадим марзҳоро убур намуда, ба фарҳанги як қатор кишварҳои минтақа роҳ ёфта буд, он дар оғози садаи ХХI ба таври расмӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқу тасвиб шуд. Нахуст онро созмони ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи репрезентативии Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид намуд. Соли 2016 шумораи кишварҳои узви парвандаи Наврўз зиёд шуда, ҳуҷҷатҳо мукаммал ва аз нав тасдиқу имзо гаштанд. Акнун дар парвандаи Наврўз ҳамроҳ бо Тоҷикистон кишварҳои Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ўзбекистон, Ҳиндустон ва Ироқ шомил мебошанд»,- афзуд Дилшод Раҳимӣ

Мавсуф иброз намуд, ки 18 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврўз мавриди баррасӣ қарор ва тасвиб ёфта буд.

«Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун «Рўзи байналмилалии Наврўз» таҷлил гардад. Аз кишварҳои ҳавзаи Наврўз даъват карда мешавад, ки ҳамасола онро бошукўҳ ҷашн гирифта, дар густариш ва рушду таблиғи суннатҳои Наврўз саҳмгузор бошанд. Муассисаҳои илмии кишварҳои мазкур бояд таърих, одобу русум ва анъаноти неки Наврўзро таҳқиқ карда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд»,- баён намуд фолклоршинос.

Инчунин ба зикри муҳаққиқ, дар таҳкиму тақвият, эҳёву рушд ва муаррифии Наврўз дар сатҳи байналмилалӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. «Бо сиёсати хирадмандона ва фарҳангдўстона ба Пешвои миллат муяссар шуд, ки наслҳоро ба аслҳо бипайвандад, миллати соҳибтамаддуни тоҷикро машҳури ҷаҳон гардонад ва барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар заминаҳои устувор гузорад. Маҳз бо ибтикори ў ҳамасола дар вилояту шаҳру ноҳия, ҷамоату деҳот, мактабҳои миёнаву олӣ, муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ иди Наврўз бо шукўҳу ҷалол ва ҷумлаи суннатҳояш ҷашн гирифта мешавад. Худи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврўз бо зиёиёну фарҳангиён ва фаъолони мамлакат мулоқот барпо намуда, дар суханрониҳои хеш вазифаю арзишҳои волои ҷашни Наврўз ва аҳамияти онро дар раванди таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдату дўстии мардуми ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён таъкид менамоянд»,- гуфт Дилшод Раҳимӣ.

Муаллифи китоб иброз медорад, ки Пешвои миллат 19 марти соли 2018 дар вохўрӣ бо зиёиёни мамлакат ба аҳли илму фарҳанг рўй оварда, чунин  таъкид намуданд: «Мо на танҳо Наврўз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро эҳё кардем. Вале омўзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд ва ҷашнҳои Меҳргону Сада то ҳанўз ба таври шоиста муаррифӣ нашудаанд».

Ба ақидаи муаллиф, маҳз ин суханони Сарвари давлат ба аҳли зиёву таҳқиқ ангезае барои таваҷҷуҳи бештару беҳтар ба омўзиши ҷашнҳои миллӣ гаштаанд.

«Мо шоҳиди он ҳастем, ки омўзишу пажўҳиши таърих, одобу русум ва суннатҳои ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон ва Сада сол то сол бештар ва густардатар мегардад. Баргузории симпозиуму конференсия, мизҳои мудаввар ва дигар ҳамоишҳои илмӣ сабаби он мешавад, ки мо дар бораи ҷашнҳои миллии худ маълумоти бештар дошта бошем ва арзишҳои волои онҳоро ба ҷаҳониён ҳамчун чеҳраи фарҳангии миллати тоҷик муаррифӣ намоем»,- иброз дошт мавсуф.

Бояд зикр намуд, ки Китоби «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» таҳқиқи таъриху суннатҳои ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргонро дар бар гирифтааст. Дар он ба таври илова инчунин дар бораи ҷашнҳои бостонии ниёгони мо – Сада, Тиргон, Исфандормазгон, Ялдо ва ойинҳои дигари суннатии тоҷикон бо тасвиру тавсиф ва таҳлил маълумот дода мешавад.

Январь 19, 2019 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд