ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Январь 29, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон   дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, инчунин то 24  ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  30-35 ва рӯзона 11-16  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар  назар аст. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб  3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 6-11  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона -2+3 ва рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -4+1 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Январь 29, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад