Олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ихтироот соҳиби 11 патенти дохилӣ ва 1 патенти ИМА гардиданд

Январь 10, 2019 15:22

ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти ИМА барои ихтироот, 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳолот қариб 15 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни маҷлиси умумии солонаи ин ниҳод иброз намуд.

Дар маҷлиси умумии солона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, аъзои раёсати Академияи илмҳо, Вазири фарҳанг, муовини Вазири маориф ва илм, инчунин олимону кормандон иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳо, оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар соли 2018 ва вазифаҳо дар соли 2019 президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи олимон ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки барои ҷумҳурӣ муҳим, аз ҷумла гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳими таърих, забон, адабиёт ва иқтисод равона карда шуд.

Бино ба маълумоти академик Фарҳод Раҳимӣ, соли 2018 дар асоси маълумоти чандсолаи таҳқиқот оид ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» таҳия ва ба чоп омода шуд. «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» соли равон дастраси ҳамагон хоҳад гардид.

Соли 2018 низ барои Академияи илмҳо соли бобарор ва таърихӣ мебошад. Зеро дар ин сол олимони тоҷик ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ бо ҷоизаву медалҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар ин сол академик Т. Назаров бо ордени давлати Япония «Тулӯи офтоб, дараҷаи 1» ва Медали олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон, академик Р. Марупов бо ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонида шуданд. Академик М. Яқубова соҳиби Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника гардид. Академик М. Илолов бо медали «Исаак Нютон» аз ҷониби Консортсиуми илмии саноатии Аврупо қадрдонӣ карда шуд. Академик С. Одинаев соҳиби Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С. У. Умаров гардид. Бо қарори Вазири ҳолатҳоти фавқулодаи Ҷумҳурии Арманистон академик С. Х. Неъматуллоев бо медали «За сотрудничество во имя спасения» («Барои ҳамкорӣ ба хотири наҷот») мукофотонида шуд. Узви вобастаи АИ ҶТ А. Муҳаммад соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ) гардид.

Узви вобастаи АИ ҶТ К. Абдуламонов бо қарори раёсати Академияи илмҳои табиатшиносии Россия барои саҳм дар рушди илмҳои биологӣ, генетика, селексия ва растанипарварӣ соҳиби медали «Академик Н. И. Вавилов» гардид. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Я. Пулатов соҳиби унвони профессори Иттиҳодияи Академии Оксфорд ва Арбоби шоистаи илм ва техникаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, инчунин узви вобастаи Академияи илмҳои халқии Россия интихоб шуд. Номбурда барои таҳияи китоби «Применение капельного орошения сельско-хозяйственных культур» дар шаҳри Москва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дар хотимаи маҷлиси умумӣ ба олимони ҷавон ва кормандони АИ ҶТ дипломҳо, ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, инчунин АИ ҶТ супорида шуданд.

Январь 10, 2019 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад