Парлумон Созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро ба тасвиб расонид
ДУШАНБЕ, 30.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»-ро ба тасвиб расонид.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии масъалаи мазкур вакили мардумӣ Нурулло Оқилзода аз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода пурсон шуд, ки оё дар доираи созишнома ё берун аз он барқарор намудану пайвастани хатҳои барқие, ки маҳалҳои алоҳидаи кишвар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё баръакс барқ мегирифтанд, дар назар аст?
«Дар ҷавоб ба ин савол ва масъалаҳои дигари ба миён гузоштаи вакилон Усмоналӣ Усмонзода гуфт, ки интиқоли барқ аз ҳамсоякишвар барқарор мегардад», — илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки то канда шудани низоми энергетикии Осиёи Марказӣ неруи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва баръакс интиқол дода мешуд. Имрӯз барқарорсозии хатҳо барои рушди ин мамлакатҳо хеле муҳим мебошад.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






