ПЕШ АЗ БА РОҲ БАРОМАДАН ДУРУСТИИ МОШИНАТОНРО САНҶЕД. Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон
ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагоне, ки дар рӯзҳои сербориш сафар доранд, ҷиҳати таъмини бехатарӣ якчанд тавсия пешниҳод намудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Аввал дурустии мошинро санҷед, камбудиҳои онро ислоҳ намоед. Мошинро бо маводи сӯхт пурра таъмин кунед ва бо худ сӯзишвории иловагӣ бигиред, то дар ҳолати зарурат барои гарм кардани он истифода кунед», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон хостааст, ки чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд Мошинҳои калонҳаҷму боркашро бо занҷирҳои зидди лағжиш дар яхҳо, чароғҳои фурӯзон, панҷараи радиатор таъмин ва дурустии системаи гармидиҳии онро тафтиш намоянд.
Ин ҳушдори кумита дар ҳолест, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон қаблан 20 январ дар мамлакат якбора сард шудани ҳаворо пешгӯӣ намуд. Ба иттилои Агентии мазкур, дар ин рӯз ҳаво сербориш шуда, борону барфи омехта метавонад ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилтар созад.
Аз ин хотир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳатман бо худ либоси гарм, чароғ, бели хурд, таноби мошинкаш, гӯгирд, чалак бо маводи сӯхт ва оби гарм гиранд.
Кумита ба хотири пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳо дар ин рӯзҳо аз ронандагон даъват ба амал овардааст, ки аз ҳаракат ва гаштҳои тез худдорӣ кунанд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






