Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ: «Дар ҳудуди қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба қайд гирифта нашудаанд»

Январь 29, 2019 13:39

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гуфтаҳои муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Игор Зубов оид ба он ки гӯё интиқоли густурдаи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ шудааст, изҳороти расмӣ паҳн намуд.

Дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадӣ гуфта шудааст: «Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рухдиҳанда назорати фаъол дошта, аз вазъи фаврӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқифанд.

Миёни мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории зич ва устувор ба роҳ монда шуда, дар сурати зуҳури аъзои ДИ дар ҳудуди қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон мо огоҳ хоҳем буд.

Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-и мамнӯъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.

Имрӯз дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба   тезутунд шудани вазъ неру ва таҷҳизоти Қӯшунҳои сарҳадӣ кофист ва барои ба сарҳад бурдани неру ва техникаҳои иловагӣ зарурат нест.  Инчунин дар хатти дуюм неруҳои қисми низомии Вазорати мудофиаи кишвар мустақаранд.

Таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба вазъ дар Афғонистон ҳоло зарурат надорад.

Ба қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, барои таҳкими иловагии он тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Шабонарӯзи гузашта кӯшиши убури ғайриқонунӣ, таҳрик ва рахна кардани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, инчунин ягон ҳодисаи ба ҳудуди Тоҷикистон афтидани тир ё гулӯла ба қайд гирифта нашудааст.

Дар сурати таҳрик ва муташанниҷ шудани вазъият  бояд дар ёд дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви чунин созмонҳо, ба мисли СААД, СҲШ буда, тамоми масоил пешакӣ матраҳ шудаанд».

Январь 29, 2019 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд