ТО БА КАЙ БЕҚОНУНӢ?! Баёнияи як нафар сокини шаҳри Хоруғ
ДУШАНБЕ, 04.01.2019./АМИТ «Ховар»/. «ВМКБ яке аз минтақаҳои ҷолиби диёр ва мавзеи айни таваҷҷуҳи сайёҳони дохилу хориҷ мебошад. Ҳавояш, табиаташ, муҳаббати сокинонаш берун аз кишвар низ маъруфу машҳуранд. Аммо миёни ҳазорҳо сокинонаш ва чандин ноҳияе, ки дар он мавҷуданд, фақат гурўҳи хеле кўчаке ҳастанд, ки истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ буда, пайваста бо амалҳо ва рафтори зидди ҷамъиятию ғайриинсонӣ ин минтақаро дар сархати ахбори «сиёҳ» ва симои мардуми шарафманди онро барои дигарон манфӣ нишон медиҳанд», — навиштааст сокини шаҳри Хоруғ Хурсанд ДАВЛАТМИРОВ дар як номааш ба АМИТ «Ховар» ва хоҳиш намудааст онро дар сомона ҷой диҳем. Дар идомаи ин мактуб мехонем:
«…Аксарияти амалҳои зишт ва кирдорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби пайвандону наздикони шахсони бо ном бонуфузи шаҳри Хоруғ ва худи ин ашхос, ки дар асл бояд намунаи ибрати дигарон бошанд, содир карда мешавад. Аҷиб ин аст, ки дигарон низ баъзан ба таври нохудогоҳ ҳар гунна рафтори онҳоро агар ҳатто зишту манфур бошад ҳам, барои худ идеал ва сармашқ қарор медиҳанд.
Дирӯз низ бо иттиҳоми итоатнакардан ба амри кормандони милиса Тоҳир Мамадбоқиров, яке аз наздикони шахси «бонуфуз»-и Хоруғ, боздошт гардид, ки дар пайи он гурўҳи бузурге аз тарафдоронаш бо ҷонибдорӣ аз ў дар шаҳр ба бетартибиҳо даст зада, оромии фазои шаҳрро бо ин амали нафратовари худ халалдор карданд. Суол ба вуҷуд меояд, ки ин чанд нафар шахсони «бонуфўз» ва ба истилоҳи Пешвои миллат чор ҷинояткор обрӯро аз рӯи мардумсолорию ватандустиашон пайдо кардаанд ва ё бо ҷиноят, авбошӣ ва ғоратгарию қонунвайронкунӣ? Ҳодисаимазкур ва чанд воқеаҳои қаблан аз ҷониби чунин нафарон анҷомёфта собит месозанд, ки авбошӣ барои гурўҳе дар шаҳри Хоруғ ба яке аз воситаи асосии «шуҳрат» ва «нуфузсозӣ» табдил ёфтааст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, моҳи сентябр, дар пайи сафари панҷрўзаи худ ба ВМКБ, Пешвои Миллат барои барқарор кардани тартибот дар ВМКБ як моҳ фурсат доданд. Ин худ як занги ҷиддии ҳушдорсоз буд, ки вазъи рияои қонуну тартибот дар шаҳри Хоруғ ба ҳадди мутлақ поин рафтааст.
Ҳатто рӯзи 22 октябр 7 нафар чунин шахсони дар минтақа бо ном «таъсиргузор», ки дар аксарияти бетартибиҳои оммавӣ таъсири мустақим доштанд, ба таври алоҳида протоколҳо имзо карданд ва расман огоҳ карда шуданд. Онҳо ваъда доданд, ки аз ташкили гуруҳҳои ғайрирасмӣ, баргузории гирдиҳамоиҳои ғайриосоишта, муомилоти силоҳ ва маводи мухаддир ва ҳар навъ иқдоми дигари зиддиамнияти давлат ва ҷомеа худдорӣ мекунанд. Дар ин санад аз онҳо талаб карда шуд, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардоранд, вагарна баъди ин огоҳӣ ҳар кирдори ғайриқонуниашон ҳамчун амали барқасдона таъбир хоҳад шуд. Онҳо низ дар навбати худ ваъда додаанд, ки ба ягон амали ғайриқонунӣ даст наҳоҳанд зад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо аз як тараф, худ ба кадом амале даст назада бошанд ҳам, ҳадди ақал наздикони худро зери назорат қарор намедиҳанд ва ё онҳоро барои кирдорҳои нослоими ҷамъиятӣ ташвиқ низ мекунанд. Вагарна шахси дар минтақа бонуфуз вақте бародар ва фарзандони худро аз амалҳои зишт боздошта наметавонад, нуфўзи он барои «Кӣ» ва «Чӣ» лозим аст?!
Аз ин рў, мо сокинони шаҳри Хоруғ нисбат ба чунин кирдорҳои ношоиста, ки аз ҷониби ашхоси муайян сурат мегиранд, ҳисси нафрат дорем ва онҳоро борҳо маҳкум кардем, боз ҳам маҳкум мекунем ва аз ин қабил гурўҳҳои ҷинояткор тақозо менамоем, ки номи мардуми неки Бадахшон ва минтақаи баландовозаамонро доғдор насозанд!
Ба Шумо, ки худро “лидер” меномед, гуфтанием, ки барои сокинони минтақа аз худ пуштибону роҳнамо насозед. Зеро мо дар ягон ҷамъияти қабилавӣ зиндагӣ намекунем. Мо соҳиби давлати соҳибистиқлол, роҳбари хирадманд ва зиёда аз ин, монанди сокинони дигар минтақаҳои кишвар як ҷузъи ҳамин ватани биҳиштосоямон ҳастем, ки бояд ба Конститутсия, волоияти қонун арҷ гузорем ва тартиботи ҷамъиятиро риоя кунем».
Хурсанд Давлатмиров,
сокини шаҳри Хоруғ








Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст






