ТОҶИКИСТОН БА РӮЙХАТИ КИШВАРҲОИ АМНТАРИНИ САЙЁРА ШОМИЛ ШУД! Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Саид АЛӢ.
Нишондиҳандаҳои асосӣ барои таҳияи раддабандӣ эҳтимоли пайдо шудани низоъҳои ҳарбӣ, сатҳи таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ интихоб шудаанд.
Дар рӯйхае, ки дар сомонаи журнал нашр гардидааст, ҳамагӣ 28 кишвар ҷой дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо индекси 10,48 дар ин рӯйхат дар ҷойи 68-ум қарор дорад.
Аз Тоҷикистон поёнтар Озарбойҷон (ҷойи 71), Эрон (77), Чин (81), Бразилия (84), Қирғизистон (89), Исроил (92), Ҳиндустон (106), Туркия (107) қарор гирифтаанд.
Россия ва Украина дар ин раддабандӣ қариб дар мавқеҳои охир-мутаносибан дар ҷойҳои 108-ум ва 116-ум қарор гирифтаанд.
Кишвари амнтарини сайёра дар ин раддабандӣ Исландия муайян шуда, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар зинаҳои дуюм ва сеюм Швейтсария ва Финландия ҷойгиранд.
Дар қатори ин давлатҳо мутахассисон ба даҳгонаи кишварҳои амнтарини сайёра Португалия, Австрия, Норвегия, Қатар, Сингапур ва Данияро шомил кардаанд. Ҷойҳои даҳум ва ёздаҳуми раддабандиро Зеландияи Нав ва Канада миёни ҳам тақсим намудаанд: индекси амнияти ин кишварҳоро мутахассисон 7,42 ҳисобидаанд.
Дар охири рӯйхат, чун қоида, кишварҳое, ки аз рӯи ҳар сеи омилҳо зери хавф қарор доранд, ҷойгиранд. Инҳо дар бисёр ҳолатҳо кишварҳои рушдёбанда буда, дар минтақаҳое, ки эҳтимоли баланди рух додани офатҳои табиӣ мавҷуд аст, ҷойгиранд, шарҳ медиҳанд коршиносон. Барои мисол, ба чунин категорияи кишварҳо Гватемала, Салвадор ва Бангладеш шомиланд, ки дар онҳо заминҷунбӣ бисёр рух медиҳад. Рушди ноустувори иқтисодӣ дар ин давлатҳо низ марбут ба кам таъмин шудани амнияти шахсии шаҳрвандон аст.
«Global Finance» Филиппинро кишвари ноамнтарини сайёра эътироф кардааст. Он нисбат ба сулҳ, амният ва паҳншавии офатҳои табиӣ нишондодҳои паст дорад,-иброз медоранд коршиносон. Яман дар ин рӯйхат аз охир ҷойи думро ишғол мекунад. Чунин арзёбии амнияти онро коршиносон ба ҷанг ва гуруснагӣ марбут дониста, хавфи офатҳои табииро камтар медонанд. Аз ин рӯ, Филиппин дар ин раддабандӣ нисбат ба Яман, ки майдони ҷанг аст, дар ҷойи поёнтар мебошад.








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд






