«ТОҶИКИСТОН ВА КАНАДА БА ҲАМ МОНАНДАНД». Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Намояндаи доимии Канада мулоқот кард

Январь 15, 2019 13:19

ДУШАНБЕ, 15.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14 январ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Намояндаи доимии Канада дар СММ Марк-Андре Бланшар мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва ҳадафҳои афзалиятнокро, ки аз ҷониби сарони ду давлат муайян шудаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳарду ҷониб зарурати тақвияти ҳамгироии байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.

Дар он мулоқот  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кумакҳои Канадаро дар таҳкими марз бо Афғонистон ва дастгирии ҳамаҷониба ба сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, инчунин ширкати коршиносони канадагиро дар татбиқи лоиҳаҳои дурнамодори минтақа баланд арзёбӣ менамоянд.

Сарони ҳарду давлат ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ табодули фикру мулоҳизаҳои судманд карданд.

Ҳамчунин  бояд зикр намуд, ки ду сол қабл сафири собиқи Канада дар Тоҷикистон (бо иқомат дар Остона) Шон Стейл зимни сафари худ ба Душанбе бо намояндагони расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбатҳо анҷом дод.

Ба гуфтаи ӯ, Канада азм дорад ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузории мустақим намояд. Ш.Стейл дар мусоҳиба бо шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди Ховар, аз ҷумла, гуфта буд:

«Тоҷикистон дар самти таъмини суботу амният дар Афғонистон ва мӯътадилии иқтисодиёти он шарики муҳими Канада мебошад. Мо чун пештара ҳамкориро бо Тоҷикистон дар ин самт дар доираи лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид идома медиҳем. Ҳатто барномаи махсуси кумак ба Афғонистон вуҷуд дорад. Тоҷикистон дар минтақа барои таъмини амният дар кишвари ҳамсоя нақши муҳим мебозад. Канада барои рушди иқтисодиёти минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод, вале ин барномаи дарозмуддат мебошад».

Ӯ зикр кард, ки зимни ҳар як сафараш ба Душанбе имкониятҳои нав барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ пайдо мекунад.

«Пеш аз ин се маротиба дар ин ҷо будам ва ҳар бор дар рушди Тоҷикистон тағйироти мусбат мушоҳида мекунам. Муҳим он аст, ки кишвари шумо аз захираҳои табиӣ ва инсонӣ бой мебошад. Ман инро зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мушоҳида намудам. Ҷавонони тоҷик хеле фаъоланд ва танҳо шукуфоии Ватани худро мехоҳанд», -иброз дошт собиқ сафири Канада дар Тоҷикистон Ш. Стейл.

Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба соҳаҳои рушдёбандаи ҳамкории миёни ду давлат собиқ сафири Канада чунин посух дод:

«Канада ва Тоҷикистон дорои умумиятҳои зиёд мебошанд, ба ҳам монанданд. Масалан, ҳарду кишвар кӯҳӣ ҳастанд ва дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошанд. Канада яке аз кишварҳои сарватмандтарини ҷаҳон аз рӯи захираҳои обӣ буда, Тоҷикистон низ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Вале, мутаассифона, имрӯз танҳо 5 дарсади ин захираҳо ба таври пурра истифода мешаванд. Бояд зикр намоям, ки якчанд ширкатҳои Канада ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика оғоз намуданд. Соҳаи дигари муҳими ҳамкорӣ саноат мебошад. Сармоягузорони Канада кӯшиш мекунанд, ки дар истеҳсоли нафту газ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро пайдо намоянд».

Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори кунунии Канада дар Тоҷикистон (бо иқомат дар Остона) Николас Бруссо мебошад, ки 20 ноябри соли 2017 расман ба иҷрои  вазифааш оғоз намуд.

Январь 15, 2019 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд