ТОҶИКОН – ДАР САРОСАРИ ДУНЁ. Мирзосаид Султонов дар вазифаи мудири кафедраи яке аз донишгоҳҳои муътабари Япония кор мекунад

Январь 12, 2019 09:36

ДУШАНБЕ, 12.01.20-19./АМИТ «Ховар»/. Олими ҷавони тоҷик  Мирзосаид Султонов мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Тоҳоку Коекии шаҳри Саката, яке аз донишгоҳҳои мӯътабари Ҷопон таъйин гардидааст. Бо ҳикоят дар бораи ӯ мо ба силсилаи маводҳо дар рубрикаи нави «Тоҷикон – дар саросари дунё» оғоз мебахшем.

Мирзосаид Султонов, ки ҳамагӣ 35 сол дорад,  нахустин  намояндаи Тоҷикистон аст, ки  дар донишгоҳи  яке аз кишварҳои тараққикардаи дунё ба чунин мақоми баланд расидааст. Ӯ ҳанӯз соли 2013 унвони доктории худро дар бахши иқтисод дар  Донишгоҳи Кобеи Ҷопон ба даст оварда, то соли 2015 дар ҳамин донишгоҳ аз фанни иқтисод дарс медод.

Номбурда моҳи апрели соли 2015 ба унвони донишёр (Associated Professor) дар Донишгоҳи Тоҳоку дар шаҳри Саката пазируфта шуд ва моҳи  марти  соли 2018 сазовори унвони профессори ин донишгоҳ шуда, пас аз чанд моҳи дигар ба мақоми мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ таъин шудааст.

Донишгоҳи Тоҳоку Коекии шаҳри Саката (Япония)

Мирзосаид Султонов cоли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро  дар риштаи «иқтисоди ҷаҳон» бо тахассуси «иқтисоддони байналмилалӣ ва донандаи забони инглисӣ» хатм кардааст. Солҳои 2001 – 2008 ба ҳайси  ходими илмӣ дар  Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Моҳи апрели соли 2008 ҳамчун донишҷӯйи пажӯҳишгар таҳсили худро дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дар Ҷопон  идома додааст. Соли 2009 ба давраи докторӣ дар бахши иқтисоди Донишгохи Кобе дохил шуда, моҳи феврали соли 2013 унвони доктории худро бо муваффаққият ҳимоят намудааст. Солҳои 2013-2015 устоди Донишгоҳи Кобе ва Донишгоҳи Осака Гакуин буд. Аз апрели соли 2015 то кунун  устоди Донишгоҳи Тоҳоку Коеки  Ҷопон аст ва ба донишҷӯёну аспирантон бо забонҳои англисӣ ва ҷопонӣ дарс медиҳад.

Мирзосаид Султонов дар ин кишвар лаҳзае тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон будани худро фаромӯш намесозад, балки аз ин ифтихор мекунад.

Тавре дар мақолаҳо дар бораи ин донишманди ҷавон навиштаанд, дарсҳои профессор Султонов барои донишҷӯён аҳамияти бузург доранд — макроиқтисодиёт, микроиқтисодиёт, иқтисодиёти муқоисавӣ ва иқтисодиёти Ҷопон. Вале кори илмии ӯ танҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар сабақҳои ӯ аз фанни иқтисодиёти муқоисавӣ профессор Султонов дар қатори Ҷопону ИМА ва  дигар кишварҳои олам  ҳатман аз Тоҷикистон низ сӯҳбат мекунад.

Дар шарҳи кори илмияш Мирзосаид Султонов гуфтааст, пажӯҳиши вай дар бораи     иқтисодиёти Тоҷикистон таҳти назари донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, холигоҳеро, ки дар ин замина дар илми иқтоисод вуҷуд дошт, пур кардааст. Баҳои ҷопониҳо ба ин пажӯҳиш эҳтироми илмиест, ки олими 35-солаи тоҷик соҳиб гашт ва тадқиқоти ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Ҷопон ба нашр расид.

Баҳори соли гузашта, вақте Мирзосаид унвони профессорӣ гирифт, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чунин навишт:

«Дӯстони азиз, ман  расман унвони «ассошиейт профессор» гирифтам. Ин орзу ва мақсадам буд ва ба Шумо низ барои расидан ба беҳтарин орзуҳоятон комёбиҳо орзумандам!».

4 октябри соли 2018 дар ҳошияи сафари  расмии худ ба Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри  Токио  бо донишҷӯёну аспирантони тоҷик, ки дар ин кишвар таҳсил мекунанд, мулоқот намуданд. Дар ин вохӯрӣ профессор Мирзосаид Султонов низ ширкат  дошт ва ҳамон рӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори Телевизиони «Тоҷикистон» чунин ибрози назар намуд: «Боиси хурсандии ҳамаи мост, ки Пешвои миллат ба яке аз кишварҳои пешрафтаи қораи Осиё бо сафари расмӣ ташриф оварданд ва имрӯз бо мо мулоқот карданд. Ҳар яки мо, фиристодаҳои Тоҷикистони азиз ҳамарӯза дар ин ҷо кӯшиш ба кор мебарем, то бо кору амали неки худ  обрӯю мартабаи Тоҷикистонро баланд бардорем ва дар таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми худро гузорем. Умедворем сафари расмии Сарвари давлатамон ба Япония ба таҳким ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Япония дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид…».

Январь 12, 2019 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 58 ҳазор шаҳрвандон ба нафақа баромадаанд
Вазири адлияи Тоҷикистон: «Бекоршавии ақди никоҳ тамоюли камшавӣ дорад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи парвандаҳои судӣ коҳиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд
Дар ноҳияи Файзобод иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон доир ба Ваҳдати миллӣ чун рукни асосии ташаккули ҷомеа ва давлат вохӯрӣ баргузор шуд
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 26 маркази тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
Дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд