Вакилони Парлумон ба Қонун «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» тағйирот ворид намуданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Вакили мардумӣ Бадриддин Садриддинзода зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
«Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар Қонуни амалкунанда, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммал гардонидани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, мушаххас намудани заминаи ҳуқуқии истиқлолияти озуқаворӣ ва татбиқи дастуру нишондодҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, таҳия шудааст», — илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳои «амнияти озуқаворӣ», «озуқаи ҳаётан муҳим» ва «захираи давлатии озуқа» дар таҳрири нав ва 2 мафҳуми нав «бехатарии озуқа» ва «кафолати таъмини амнияти озуқаворӣ» ворид карда шуданд.
Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 3, 7 ва 16 пешбинигардида мазмуни матни моддаҳои мазкурро саҳеҳ гардонида, самтҳои таъмини амнияту истиқлолияти озуқаворӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҳадафи ташаккули захираи давлатии озуқаро мушаххас менамоянд.








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






