ВКД Россия изҳороти Зубовро доир ба интиқоли ҷангиёни ДИ* ба Тоҷикистон шарҳ дод

Январь 31, 2019 10:12

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Изҳороти муовини вазири корҳои дохилии Россия Игор Зубов дар робита ба он ки гӯё ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ*, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия) аз ҳудуди Покистон ба сарҳад бо Тоҷикистон интиқол меёбанд, пешгӯии шахсии ӯ мебошад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 30 январ намояндаи расмии ВКД Россия Ирина Волк ба ТАСС изҳор дошт.

«Маълумоте, ки 28 январ аз ҷониби Зубов зимни ҷаласаи ҷамъбастии вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тотористон садо дод, пешгӯии шахсии ӯро дар робита ба эҳтимоли ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад», — гуфт Волк ва зикр кард, ки ин изҳорот мавқеи расмии мақомоти корҳои дохилӣ нест.

28 январ Зубов (ДАР АКС) изҳор дошт, ки ҷангиёни ДИ* дастаҷамъона аз ҳудуди Покистон ба сарҳади Тоҷикистон тариқи чархболҳо интиқол меёбанд. Ин ду давлат сарҳади умумӣ надоранд, вале ҳарду бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд, ки тавассути қаламрави он ҷангиён метавонанд ба ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Ба гуфтаи ӯ, таҳрики миқёсан густурда ба нақша гирифта шуда истодааст, ки метавонад сабаби интиқоли шумораи зиёди гурезагон ба Россия гардад. Дар минтақа «макони даргириҳо»-и нав таҳия шуда истодааст.

Дар Думаи давлатӣ ин маълумотро шарҳ дода, ҳамроҳ бо гурезаҳо ворид шудани ҷангиёнро ба қаламрави Россия аз эҳтимол дур надонистанд.

Дар ин росто, 29 январ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар бораи ҳузури ҷангиён дар сарҳади кишвар иттилое надоранд. Мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистон чунин изҳоротро бармаҳал мешуморанд. Бино ба маълумоти вазорат, имрӯзҳо «вазъ дар минтақаҳои шимоли Афғонистон, ки бо кишварҳои Осиё Марказӣ бевосита ҳамсарҳад мебошанд, шиддатнок аст, вале бо ин ҳама пурра зери назорати хадамоти сарҳадии Тоҷикистон қарор дорад».

Котиби матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев низ чунин мавқеъгирӣ намуд. «Дар сурати таҳрик ва муташанниҷ шудани вазъият  бояд дар ёд дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви чунин созмонҳо, ба мисли СААД, СҲШ буда, тамоми масоил пешакӣ матраҳ шудаанд».

_____________________________________________

*Мамнӯъ дар Тоҷикистон, Россия ва дигар кишварҳо

Январь 31, 2019 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид