Юсуф Раҳмон: «Тамоюли ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон афзудааст»
ДУШАНБЕ, 29.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 29 январ зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар гуфт, ки соли сипаригардида аз тарафи ноболиғон беш аз 900 ҷиноят ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 217 ҷиноят зиёд мебошад.
Сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғонро Прокурори генералӣ дар бемасъулиятии волидайни ноболиғону атрофиёнашон ва бе шуғл будани ноболиғон маънидод кард.
Ҳамзамон бо дахли риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» Юсуф Раҳмон афзуд, ки соли сипаришуда зимни санҷишҳо вобаста ба риояи қонуни мазкур қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 2770 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд.
Ҳамзамон нисбат ба 170 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






