Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари амали террористӣ дар иёлоти Ҷаму ва Кашмири Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки мӯҷиби ҳалокати 45 нафар кормандони мақомоти қудратӣ ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандон гардидааст, моро андӯҳгин намуд.
Ин ҳодисаи даҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбониён бирасонед. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил ҳоҳонем».








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






