БЕХАТАРИИ МУСОФИРОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ. Изҳороти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»
ДУШАНБЕ, 07.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии маълумоти нодуруст ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки 6 феврал дар ҳавопаймои Боинг 737-300, ки аз Душанбе ба самти Москва (Жуковский) ҳаракат дошт, ҳангоми парвоз норасоии техникии ҷузъӣ ба миён омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд.
Тибқи иттилои сарчашма, сарҳавонаварди ҳавопаймо мутобиқи дастурамали парвозӣ оид ба бозгашт ба фурудгоҳ ва ивази ҳавопаймо қарор қабул карда, ҳавопайморо муваффақона дар Душанбе фуруд овард. Дар дохили ҳавопаймо 128 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати парвозӣ қарор доштанд, ки аз онҳо касе осеб надидааст. Кулли мусофирон ҳамон замон тариқи ҳавопаймои дигари ширкат — Боинг 737-800 ба Москва парвоз намуданд.
Дар ин росто ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони хатсайри мазкур барои нороҳатии бамиёномада узр хоста, иттилоъ медиҳад, ки амали ҳайати парвозӣ ба хотири бехатарии мусофирон анҷом дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро менамояд. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






