«БОШАД КАЛОМИ ДӮСТ МУБАРРО…». Олимони тоҷик дар ҳамоиши навоишиносон дар Ӯзбекистон иштирок намуданд

Февраль 9, 2019 09:41

ДУШАНБЕ, 09.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 9 феврал дар кишвари ҳамсояи мо Ӯзбекистон рӯзи бузургдошти шоир, адиб ва донишманди зуллисонайн Амир Алишери Навоӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат 5 феврали соли равон дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ҳамоиши байнамилалии «Нақши мероси Алишери Навоӣ дар таҳаввули маънавият ва маорифи башарӣ» бо ҳузури олимони беш аз 15 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон, Россия, Ҳолланд, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон, Озарбойҷон, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш кишвари моро гурӯҳи олимон дар ҳайати академик Кароматулло Олимов, профессори ДМТ Бадриддин Мақсудов, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабалӣ Хидиров, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарифова, корманди муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Нуъмонҷон Неъматов  намояндагӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки ин сеюмин ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Алишери Навоӣ мебошад, ки дар кишвари ба мо дӯст ва ҳамҷавори Ӯзбекистон доир мешавад. Ва бори нахуст аст, ки чунин ҳайати бонуфузи олимони тоҷик баъди фаро расидани баҳори нави муносибатҳои дуҷониба дар он ширкат намуданд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод андешаҳои хешро роҷеъ ба нақши дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ дар таҳкими ваҳдати халқҳо ва аҳамияти сиёсии оғози муносибатҳои нави Тоҷикистону Ӯзбекистон манзури хонандагони АМИТ «Ховар» намуд.

Дар таърихи фарҳанги башарӣ пайвандҳои маънавии инсонҳои соҳибназар ба унвони намоди ихлосу иродат ва рамзи сидқу хулуси устоду шогирд ва ба муриду мурод ҳамеша тавсиф шудаанд, ки файзбардорӣ аз он муҷиби таҳаввулоти маънавии инсоният гардидааст. Агарчӣ камоли ихлосу иродати Мавлонои Балхӣ ба Шамси Табрезӣ дар мақоми олии садоқати мурид ба мурод эътироф гардидааст, ки достони он ҳамеша сари забонҳо ҷорӣ буда, пасовандони ин бузургон бар он масалҳо задаанд, аммо ҳусни ихлоси ду чеҳраи дигари бузурги адаб ва ирфони гузаштаи мо  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ баробари идомаи ҳамин шеваи муҳаббати инсонӣ, ки таҷаллигоҳи ишқи Офаридгор маҳсуб мешавад, бегумон пойдевори дӯстии халқҳоро дар мисоли мардумони тоҷику ӯзбек ва ҳақиқати ваҳдати комили инсониятро бино ниҳод. Мо дар адабиёти пешини тоҷикӣ шурӯъ аз устод Рӯдакӣ то асри Ҷомиву Навоӣ ва баъдан низ ба навиштаҳои фаровони шуаро дучор меоем, ки ваҳдати халқҳо ва инсониятро берун аз қолабҳои зоҳирии забону фикру мазҳаби ақида васф кардаанд ва ҳамон ҳикмати ҷовидонаи Одамушшуаро:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон

ҳамчун шореҳи ваҳдати мардуми олам пайваста сари забонҳост, зеро мафҳуми дӯст дар андешаи устоди шоирон ин ҷо марзе аз миллату мазҳабу дин надорад, яъне ҳамон инсонест, ки Мавлоно ҳамеша дар ҷустуҷӯи он буд:

Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

Ҳамин ҷустуҷӯи ҳамон инсони комили бидуни марзҳои зоҳирӣ буд, ки Мавлоноро ба самти равшани ваҳдати башарӣ кашонид, то он ҷо ки ба мо Паёме бирасонад ва ҳақиқати ин андешаро тафсир кунад, ки инсоният дар ҷаҳони имрӯза:

Ҷумла як зотанд, аммо муттасиф,

Ҷумла як маъно, иборат мухталиф.

Вуҷуди шариф ва мубораки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ ба ҳақиқат ин назария ва ормонҳои ниёкони моро дар шинохти ҳақиқати ваҳдати инсонӣ собит намуд. Ба таъбири дигар метавон бар матлаб эътиқод кард, ки ин ду бузурги ҷаҳони адаб ва ирфон шариати назароти ваҳдати инсонии Рӯдакиву Мавлонову Ҳофизу дигаронро дар тариқати маънавӣ таҷриба намудаву таҳаққуқ бахшиданд, то ормони онҳо дар воқеияти зиндагонӣ муҷассам ва дар сурати як садоқати бепоёни муриди мурод ва сидқу ихлос ва дӯстии инсонҳо миёни ҳамдигар ба намоиш гузошта шавад.

Агар ишқу алоқа ва иродати Мавлоно ба Шамси Табрезӣ ба эҷоди Девони безаволи Шамси Табрезӣ омил гардидааст, ҳосили унсу ҳамнишинӣ, ихлосу иродати Ҷомиву Навоӣ низ барои зуҳури корномаҳои барҷастае дар адабиёти форсу тоҷик нақши муассир гузошт. Ҳамин ки бо ҳидоят ва раҳнамоии устоди хеш Абдураҳмони Ҷомӣ Амир Алишери Навоӣ бори аввал суннати нодири роиҷ дар адабиёти гузаштаи тоҷикӣ- анъанаи хамсасароиро дар адабиёти ӯзбек бунёд ниҳод, чун корномаи муаззамест, ки ҳамчун ҳосили ҳамин иродати инсонӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ навишта хоҳад шуд, зеро бо аз сар гирифтани ин иқдом тарҳи адабиёти миллии боз як халқияти маъруфи олам гузошта шуд. Худи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири роҳ кушодан ба тозакориҳои навин дар идомаи ин суннати роиҷи адабӣ силсилаи достонҳои «Хамса»-ро ба ҳафтгона расонида, барои адабиёти ҷаҳон «ҳафт авранги нодири сухан»-ро ба ёдгор гузошт. Ҳикмати ҳидояти Мавлоно Ҷомӣ барои Алишери Навоӣ дар идомаи ин роҳ бо забони ӯзбекӣ, ки омил ба эҷоди адабиёти нав гардид, маҳз дар ҳамин матлаб муҷассам аст, ки шогирди собиқи хешро Ҷомӣ ба самти роҳи тозае дар адабиёти халқҳои ҷаҳон ҳидоят фармуд.

Албатта, мавзӯи таҳлилҳои қиёсии ин достонҳо баҳси дигарест, ки бахшҳои аз он дар таҳқиқоти донишмандони барҷастае, чун Е.Э. Бертелс, Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон ҷараён гирифта, вале қасди аслии таъкид ва ишорати мо бар ин матлаб тазаккури ҳосили дӯстӣ ва иродати ин ду бузургони адабиёт ва ирфони гузаштаи мо ба зуҳури чунин ибтикороти адабӣ  маҳсуб мешавад.

Бегумон ҳамин дӯстӣ ва иродати устодиву шогирдӣ дар канори ин дигар самараҳои матлуби адабӣ омил бар нигоришии ҳам қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам «Туҳфат ул афкор»- Алишери Навоӣ гардидааст.  Ба таъбири дигар, агарчӣ Навоӣ дар асл қасидаи хешро дар ҷавоби сурудаи Ҷомӣ ва бо бардоштҳое аз «Дарёи аброр»-и Амир Хусрав сурудааст, вале аз тарафи дигар ангезаи таълифи қасидаи Ҷомӣ низ ба Амир Алишери Навоӣ марбут аст. Ин ҷо ҳамон ҳақиқати барҷастае муҷассам мегардад, ки ин ду чеҳраи барҷаста ва бузурги адабиёти мо дар мақоми бузурги эҳтиром ва иродат нисбат ба ҳамдигар қарор доштанд, ки ҳам ба сурати устодонаву ҳам шогирдона ва ҳам дӯстона муҷассам мегардад.

Тафсири достони дӯстии Ҷомиву Навоӣ, ки барҳақ сабақи бузурге барои шинохти оини дӯстдориву интихоби дӯст баҳри инсоният дар ҳама давру замон аст, чун ҳосили он дар баробари зуҳури корномаҳои бузурги адабӣ, эҷоди тамоюлоти тоза дар адабиёти ҷаҳон гардида ва баробари ин, камоли ихлосу иродати инсонӣ дар сурати муносиботи устодиву шогирдӣ муҷассам мегардад. Худ Ҷомӣ ин дӯстиро бо беҳтарин ваҷҳ тафсир намудааст, ки бегумон дар воқеият дар муносибат бо шогирди хеш ҳақиқати назарии хешро нисбат ба дӯст ба намоиш гузошта:

Ё аз забони дўст шунав достони дўст,

Ё аз забони он, ки шунид аз забони дўст.

Бошад каломи дўст мубарро зи ҳар луғат,

Ҳаст ин луғоти мухталиф аз тарҷумони дўст.

Қобили таъкид аст, ки баҳори соли 2018 сарварони ду кишвари ба ҳам дӯст- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев вориси арзандаи ин ду чеҳраи бузурги адабиёти гузаштаи мо- Мавлоно Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ будани хешро ба субут расониданд.

Бо гузашти фосилаҳо дубора ин дӯстии беназири халқҳои тоҷику ӯзбекро ба тахтгоҳи таърихии хеш нишонданд, то ба қавли устод Турсунзода «дӯст ояд гарм дар оғӯш» бигиранд. Ин фатҳи саҳифаи нави дӯстиҳо буд, ки имсол бори аввал ба маросими таҷлили ҷашни Алишери Навоӣ бо камоли муҳаббат ва ихлос ба муборакбодии дӯстони хеш ба шаҳри Навоӣ ва ба таъбири Мавлоно «барои васл кардан» омаданд. Поянда бод ин дӯстӣ ва ин муҳаббати халқҳои бародари тоҷик ва ӯзбек!

Мо омадем, хонем аз дафтари Навоӣ,

Як номаи муҳаббат- шеъри тари Навоӣ.

Эй дӯстони ҷонӣ, аз мо салом бодо,

Аз вориси Камолу раҳпарвари Навоӣ.

Як Туҳфае зи афкор овардаем ин бор,

Бо хеш бар Навоӣ, аз минбари Навоӣ.

Дар маркази Душанбе гулпӯш гашта боғе,

Аз гулситони Ҷомӣ, гулпайкари Навоӣ.

Аз Суғд то Самарқанд, ин субҳ бин зафарманд,

Бо ҷилваи муҳаббат, моҳи бари Навоӣ.

Ин навғазал ҳам иншо гардид аз дили мо,

Гулномаи иродат, аз маҳзари Навоӣ.

Нуралӣ НУРЗОД,
устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Февраль 9, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад