Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор мегардад

Февраль 22, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 22.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 марти соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар назар аст, ки дар кори ҷаласа роҳбарони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, сафирони ИМА, Россия, Германия, Франсия, Англия, Чин, Япония, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, инчунин намояндагони як зумра созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок намоянд.

«Дар доираи иштироки шарикони иҷтимоӣ раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо ва дурнамои он мавриди муҳокима қарор дода мешавад», — илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар доираи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон се ҳуҷҷати муҳим қабул карда шуданд. Ин ҳуҷҷатҳо Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барнома барои соли 2013-2020 мебошанд.

Тавре дар Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020 омадааст: «Ислоҳот ба он равона гардидааст, ки дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ  ва ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон аст, ташаккул дода шавад».

Февраль 22, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид