Дар Тоҷикистон Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ роҳандозӣ мегардад

Февраль 23, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 23.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои  муассир мегузорад. Дар ин росто, 21 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 янвраи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» вобаста ба вусъати корҳо барои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти ҷумҳурӣ  доир гардид.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо  Неъматулло Ҳикматулозода доир ба иқтисодиёти рақамӣ ва афзалиятҳои ҷорӣ намудани он дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар  ва таҳияи лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Дар ҷаласа лоиҳаи Консепсияи мазкур муаррифӣ гардид.

 

Февраль 23, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид