Дар Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои сарҳадии Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия, Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ (ШФҚС), сафирони давлатҳои хориҷии мустақар дар шаҳри Душанбе ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Иштирокдорони вохӯрӣ масоили фаъолсозии ҳамкориро дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарони идораҳои сарҳадӣ доир ба тамоюлҳои тағйирёбии вазъи фаврӣ дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар робита ба фарорасии фасли баҳору тобистон табодули афкор намуданд.
Бо арзёбии вазъи бамиёномада дар сарҳадҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони идораҳои сарҳадӣ зикр карданд, ки бо вуҷуди ҷараёни мусбати рушди ҳамгироии мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир нигаронида шудааст, вазъ дар марз бо Афғонистон мураккаб боқӣ монда, нисбат ба ҳалли он муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.
Иштирокдорон ҳамчунин ба хулосае омаданд, ки вазъи баамаломада қарор дар бораи муттаҳид сохтани талошҳои идораҳои сарҳадиро дар самти пешгирии роҳҳои қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили террористӣ ва фаромиллӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва экстремистӣ, ки дар ҳудудҳои ҳамсарҳад амал мекунанд, тақозо мекунад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба мубориза бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунаи кишварҳои аъзои ИДМ андешида шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Протокол ба имзо расид, ки тавсияҳои он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ карда мешаванд.








Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






