ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд намоиш -фурӯши ниҳолҳо ва зироати кишоварзӣ баргузор гардид

Февраль 23, 2019 12:16

ХУҶАНД, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 23 феврал дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши ниҳол ва дигар зироати кишоварзӣ доир   гардид.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри такон бахшидан ба маъракаи сабзазоркунию ободонӣ, омодагӣ ба фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор дар навоҳиҳои вилоят дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ баргузор гардид. Дар он хоҷагидорону кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ машғуланд, иштирок намуданд.

Дар намоиш беш аз ҳаштсад ҳазор ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухмии зироат пешкаши харидорон гардонида шуда, инчунин дар нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ  олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироат ба сокинон тавсияҳои судманд доданд.

Февраль 23, 2019 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд