ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ баргузор шуд
РӮДАКӢ, 27.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ зери шиори «Мо, ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!» доир гардид. Дар ҷараёни ҳашар дар маркази ноҳия зиёда аз ду ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.
Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Раҷаб Ашуров мегӯяд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маъракаҳои ниҳолшинонӣ ҷараён доранд. Сокинони ноҳия аз рӯзҳои гарми зимистон самаранок истифода бурда, бо маслиҳати мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ниҳол шинонида, қаламчаҳоро пайванд месозанд.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ беш аз пеш вусъат ёфта, то ин муддат сокинони ноҳия зиёда аз 30 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва гулҳои гуногун шинонидаанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






