ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои ободониву ниҳолшинонӣ вусъат меёбанд
ХУҶАНД, 02.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 якшанбеи якуми моҳи феврал дар шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳо таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» баргузор мегардад.
Дар робита ба ин ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. Имрӯзҳо дар ин замина корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву маҳалҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин кори хайр ва ободониву бунёдкорӣ фаъолону сокинони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳо бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва фазои осудаи кишвар дастаҷамъона заҳмат мекашанд.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», бо такя ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари умумии ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин рӯз дар ҷамоатҳои зикршуда аз тарафи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ қариб 500 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Ҳамчунин дар заминҳои доманакӯҳи деҳаи Ниёзбеки Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов ва деҳаи Кӯчкаки Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви ноҳияи Конибодом низ бо иштироки Раиси вилоят ва фаъолону куҳансолони ин ҷамоатҳо маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Ҳамазамон ин амали хайру ободкорӣ дар кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён ва роҳбарияти вилоят ҷараён гирифта, дар ин рӯз қад-қади кӯчаи мазкур беш аз 100 адад ниҳолҳои навъи ардач шинонида шуданд.
Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ низ бо иштироки масъулони ноҳия ва кормандони КДФ “Хоҷагии манзилию каммуналӣ”-и ноҳия дарахтони ороишӣ, чун “Санавбари сибирӣ”, “Дроки испанӣ”, “Бручина” ва “Можавелник” бо иштироки васеи аҳли шаҳрак шинонида шуданд.
Бояд зикр кард, ки ҳоло бо наздик омадани фасли баҳор баргузории чунин маъракаҳо дар дигар минтақаҳои вилоят низ идома дорад.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд






