Давраи гузариши зимистона ва тобистонаи футболбозон дар Тоҷикистон мушаххас шуд

Февраль 7, 2019 16:03

ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Лигаи миллии футболи Тоҷикистон давраи гузариши футболбозонро аз як даста ба дастаи дигар дар мавсими футболи соли 2019 дар Тоҷикистон муайян кард. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, дастаҳо имкон доранд дар трансфери зимистона аз 1 январ то 16 марти соли равон барои ба ҳайати дастаашон гузаштани бозингарони нав  ба ФФТ дархост пешниҳод намоянд. 

Муовини директори Лигаи миллии Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов афзудааст, ки клубҳо метавонанд то 25 март бо пешниҳоди сертификати байналмилалӣ-«ITC» (International Transfer Certificate) футболбозони хориҷиро низ ба ҳайати дастаашон дохил намоянд. Давраи гузариши тобистона аз 7 то 31 июл муқаррар шудааст.

Хабар дода мешавад, ки Чемпионати 28-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ бо ширкати 8 даста дар се марҳила гузаронида хоҳад шуд. Ҳанӯз дар бораи кай оғоз шудани мусобиқа тафсилот нарасидааст.

Февраль 7, 2019 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид