Фарҳод Раҳимӣ: «Аргус ФТИ»-ро мутахассисони ватанӣ идора мекунанд»
ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 реактори маҳлулии ҳастаии «Аргус-ФТИ» танҳо бо мақсадҳои осоишта ба кор шурӯъ мекунад, ки фаъолияти онро мутахассисони ватанӣ идора мекунанд. Дар ин самт мутахассисон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин омода карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ посух дод.
Бино ба маълумоти академик Раҳимӣ, дар самти амалисозии барқароркунӣ ва мавриди истифода қарор додани реактори мазкур корҳо бомаром ҷараён доранд. Аз ҷумла, соли 2018 таъмири биное, ки дар он худи реактор ҷойгир аст, ба охир расонида шуд.
Масъалаи аз ҳама муҳим-ин омода кардани мутахассисони соҳаи технологияи ҳастаӣ мебошад. Дар робита ба ин Президенти Академияи илмҳо гуфт, ки моҳи июни соли 2018 конфронси сатҳи байналмилалӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи реакторӣ ва соҳаи физикаи ҳастаи давлатҳои Чин ва Россия доир гардид. Дар он намояндагони ширкати «Китайатом», «Росатом» ва Институти ба номи Курчатов иштирок намуданд. Дар он тамоми паҳлуҳои вобаста ба фаъолияти ин реактор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Омода намудани кадрҳо дар соҳаи технологияи ҳастаӣ ва ба кор даровардани реактори «Аргус» яке аз масъалаҳои асосии вохӯрӣ буд, ки ҳалли мусбати худро ёфтанд. Иштирокдорони он ба созиш омаданд, ки мутахассисони соҳаи технологияи ҳастаӣ дар ҳардуи ин давлатҳо омода карда шаванд.
«Қисме аз мутахассисон дар Федератсияи Россия дар базаи институтҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ҳастаи «МИФИ» (Национа́льный иссле́довательский я́дерный университет «МИФИ́») ва дигар сохторҳое, ки ба «Росатом» тааллуқ доранд, омода мешаванд. Қисми дигар дар базаи Институти энергияи ҳастаии Пекин, Ченду, ки онҳо бо ширкати «Китайатом» бевосита ҳамкории зич доранд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аллакай дар ин самт аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд, 23 нафар интихоб шудаанд ва рӯзҳои наздик онҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда мешаванд. Баробари ба охир расидани корҳои барқароркунӣ дар реактор мутахассисони ватанӣ омода мешаванд ва аз ин дастгоҳ бевосита худи онҳо истифода мебаранд»,-илова кард Фарҳод Раҳимӣ.
Фаъолияте, ки бо истифодаи реактори «Аргус-ФТИ» анҷом дода мешавад, он ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам бо мақсади осоиштагӣ равона мешавад. Яъне ба воситаи он мо метавонем корҳои илмӣ-татқиқотии муштарак ба роҳ монем. Реактори «Аргус» аввалан самтҳои фаъолияти бисёрҷабҳа дошта, метавонад дар як вақт зиёда аз 40 вазифаи илмиро иҷро кунад. Баъдан, таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур ва муфид аст, ки мо имрӯз ба он эҳтиёҷ дорем.








Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид






