Гурез Қосимзода: «Дар сохторҳои маҳаллии Вазорати молия хизматчиёни давлатӣ солҳои тӯлонӣ дар як мансаб фаъолият менамоянд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад»

Февраль 13, 2019 15:44

ДУШАНБЕ,  13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 нафар, шаҳрҳои Ваҳдат 20, Турсунзода 18, Конибодом 14, Исфара 13, Роғун 4, ноҳияҳои Варзоб ва Лахш 10, Сангвор 8, Сомонӣ ва Ванҷ 6, Дарвоз ва Носири Хусрав 3 нафар бе риояи талаботи тахассусӣ, аз ҷумла бе доштани ихтисоси дахлдор ва собиқаи зарурӣ ба мансабҳои гуногун таъйин гардидаанд. Дар ин бора муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон ибрози назар намуд.

Ба маълумоти номбурда, дар Вазорати молия таҳлили се соли охир нишон дод, ки дар дастгоҳи марказии Вазорат аз 52 ҷойи холӣ 6 ҷой ба мансабҳои категорияи якум ва 3 ҷой ба мансабҳои категорияи дуюм рост омада, имконияти ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби захираи кадрҳо мавҷуд аст. Аммо бо вуҷуди таҳия гаридани рӯйхати ҳарсола ягон нафар аз захираи кадрҳо ба мансаби баландтар таъйин карда нашудааст.

Инчунин зикр гардид, ки дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Бохтар,  ноҳияҳои  Носири Хусрав, Зафаробод, Сомонӣ, Фирдавсӣ, Лахш ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дастурамалҳои мансабӣ ба талаботи Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман ҷавобгӯ намебошанд.

«Дар сохторҳои маҳаллии Вазорати молия хизматчиёни давлатӣ бе риояи талаботи тахассусӣ, бе баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, инчунин солҳои тӯлонӣ дар як мансаб фаъолият менамоянд, ки бар хилофи қонунгузорӣ мебошад»,-илова намуд муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода.

Февраль 13, 2019 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст