Хуршед Зиёӣ: «Худшиносӣ барои Мавлонои Балхӣ масъулияти инсон дар назди хештан буда, беҳтар аз донистани усули дин аст…»

Февраль 10, 2019 09:27

ДУШАНБЕ, 10.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Донишманди бузурги тоҷик, шоири тавоно ва файласуфу орифи оламгир Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар шеъру адаб ва фалсафаву тасаввуф, балки дар масъалаҳои динӣ низ як шахсияти барҷаста дар олами исломӣ эътироф шудааст. Худшиносӣ барои мутафаккир, пеш аз ҳама, масъулияти инсон дар назди хештан буда, беҳтар аз донистани усули дин аст, зеро чун инсон дар маърифати хештан муваффақ гардад, дигаронро низ медонаду мешиносад. Ин матлабро директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт. Андешаҳои пурраи номбурдаро дар бораи ақлгароӣ ва худшиносӣ дар таълимоти Мавлоно пешкаши хонандагон мегаронем:

Дар таълимоти Мавлоно ва намояндагони тариқати созмондодаи ӯ — мавлавия инсон дар маркази доираи фалак қарор дошта, ҳалли ин ё он масъалаи фалсафӣ онҳоро ҳатман ба андеша дар бораи инсон меоварад. Аз ин ҷост, ки ақидаҳои гуманистӣ ва башардӯстонаи Мавлоно ва мавлавиён дар кори мувоҷеҳ сохтани фалсафаи муосир ба сӯи инсону ниёзмандиҳои он аз ҷониби донишмандони кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Аз ҷониби дигар, дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки ҳама минтақаҳои оламро фаро гирифтааст ва дар шароити ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ ва эҳёи маънавии халқҳои тозаистиқлол, ки бо шиддати бузурге ҷараён дорад, муроҷиат ба афкори фалсафӣ ва фарҳангии пешиниён ва корбасти он бо назардошти воқеият ва талаботи замони муосир метавонад ҳамчун такягоҳи муҳим барои ташаккули ҷомеа ва инсони нав хидмат намояд. Истифода аз осори Мавлоно дар ин самт низ беназир ва хеле судманд буда, донишмандони зиёде пайваста ба ин ҷанбаи ақидаҳои мутафаккир рӯ меоранд. Шоири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқбол дар замони хеш маҳз таҳти ақидаҳои Мавлоно оид ба худшиносӣ, дар бораи «бозофаридан» — эҳёи миллати хеш бо такя бар асолати миллии он гуфта буд:

Миллате, к-аз сӯзи ӯ як дам тапид,

Аз гили худ хешро бозофарид.

Як сабаби дигар ва аз ҳама муҳими маҳбубияти шахсият ва таълимоти Мавлоно, ба андешаи мо, дар он зуҳур меёбад, ки ӯ донишманди диндору диншинос аст, вале дину эътиқоди диние, ки дар осораш аз он сухан меронад, махсусияти худро дошта, бо ақлу мантиқ пайванди ногустанӣ доранд. Аз ин рӯ, Мавлонои Балхӣ аксаран вожаҳои ақлу динро дар ашъори хеш тавъам истифода намуда, пайваста ба шогирдонаш «Ақлу динро пешво кун, вассалом», «Ҷаҳд кун, то пири ақлу дин шавӣ», «Ки барам ман кори худ бо ақл пеш» ва монанди онро талқин мекунад.

Ба ибораи дигар, барои Мавлоно, ки худ намояндаи фалсафаи ирфонист, ақлгароӣ бегона нест. Вале қобили зикр аст, ки моҳияти ақл дар таълимоти ӯ хеле мураккаб ҳисобида шуда, аз назари мутафаккир он ба баҳри бепоёне шабоҳат дорад, ки барои фаҳмиданаш дар он ғаввосӣ бояд кард. Бузургии инсонро бо ҳамин сабаб Мавлоно дар бузургии ақли ӯ мебинад, на дар сафедии мӯяш, дашноми ақлро барои инсони оқил  беҳтар аз ҳалвои ноаҳлон медонад. Дар чунин фаҳмиши моҳияти ақли инсонӣ мутафаккир ба ҳадиси паямбари ислом такя мекунад, ки дар он ақл барои инсон беҳтар аз тақлиди ғайриоқилона ба талаботи дин ҳисобида шудааст:

Бас накӯ гуфт он расули хушҷавоз:

«Зарраи ақлат беҳ аз савму намоз».

З-он ки ақлат ҷавҳар аст, ин ду араз,

Ин ду дар такмили он шуд муфтараз.

Бо овардани суханони боло аз «Маснавӣ»-и Мавлоно таъкид карданием, ки мутафаккир дину ақлро бо ҳам омезиш дода, инсонро ба ду нуктаи муҳим ҳидоят менамояд: аввалан, инсон бояд дар ҳама корҳо, аз  ҷумла, дар масъалаҳои динӣ танҳо ба ақлу заковат такя кунад; сониян, инсони соҳиби ақли расо бояд дар ҳама амалҳои хеш мустақилона рафтор карда, ҳаргиз ба тақлиди кӯр-кӯрона ба дигарон роҳ надиҳад. Бо ҳамин сабаб, мутафаккир пайваста хотиррасон месозад, ки «Бори худ бар кас манеҳ, бар хеш неҳ», «Ҷурми худро бар каси дигар манеҳ» ва амсоли он.

Такя ба ақли хеш дар тамоми намудҳои фаъолияти инсонӣ, дурӣ ҷустан аз роҳнамоиҳои мардуми аз ақлу мантиқ фарсахҳо дур, махсусан аз бегонагон як ҷавҳари ақидаи Мавлоно дар бораи худшиносист. Худшиносӣ барои мутафаккир, пеш аз ҳама, масъулияти инсон дар назди хештан буда, беҳтар аз донистани усули дин аст, зеро чун инсон дар маърифати хештан муваффақ гардад, дигаронро низ медонаду мешиносад.

Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,                                              

Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.

Дар бораи худшиносӣ сухан карда, таъкид бояд намуд, ки ҳанӯз дар ибтидои ҳазорсолаи якум донишманди маъруфи Рими Қадим Сенека (солҳои 4 то милодӣ – 65 милодӣ) иброз дошта буд, ки «муҳим он аст, ки худ дар бораи хештан чӣ гуна андешае дорӣ, на он, ки дигарон дар бораи ту». Ҳаққонияти ин суханонро на танҳо дар мисоли худшиносии шахсиятҳои алоҳида, балки дар худшиносии миллату халқиятҳои ҳам кӯчаку ҳам бузург метавон баръало эҳсос намуд. Зеро миллате, ки бе дахолати дигарон ва нигаронӣ ба аксуламали бегонагон наметавонад ҷойгоҳи хешро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муайян созад ва  хештаншинос бошад, махсусиятҳои миллию фарҳангии худ ва билохира мустақилияти давлатиро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ новобаста ба он, ки баъзе бехабарон гузориши масъалаи худшиносии миллиро чун амале мешиносанд, ки дар баъзе ҷомеаҳо бар ивази надоштани платформаи иқтисодии мушаххас дар миён гузашта мешавад, муҳимияти он барои миллатҳои тозаистиқлол ва махсусан дар замони муосир ба ҳеҷ ваҷҳ коста намегардад.

Вобаста ба масъалаи мазкур, қобили ёдоварист, ки худшиносӣ дар маҷмӯъ чун шинохти шахсияти хештан, ки ба инъикоси худӣ дар шуур асос ёфтааст, ҷанбаҳои табиию иҷтимоӣ дорад. Табиӣ будани он аз шуури инсон ҳамчун зуҳуроти табиӣ вобаста буда, иҷтимоӣ буданаш ба тарбияи инсон дар оила ва ҷомеа марбут аст. Аз ин рӯ, худшиносии миллиро низ, ки одатан ҳамчун мансуб донистани хештан ба ин ё он миллат, давлат ва фарҳанг медонанд ва танҳо чун падидаи соф иҷтимоӣ мешиносанд, бояд бо иртибот ба решаҳои табиияш маънидод созем. Кофист барои исботи решаҳои иҷтимоӣ доштани он таъкид намоем, ки худшиносии миллӣ то андозае аз ирқу нажод, шароити ҷуғрофӣ низ вобастагиҳои зиёд дорад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб тарбияи худшиносӣ барои ҳар халку миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад.

Ҳамзамон таъкид бояд намуд, ки худшиносии миллӣ асосан ба чунин унсурҳое, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб такя мекунад. Дар давлатҳои сермиллату сермазҳаб эҳсоси мансубияти шаҳрвандӣ низ ба ҳайси як пояи ин зинаи худшиносӣ шинохта мешавад.

Аз унсурҳои мазкур ғояи миллӣ асоси худшиносии миллист, ки маънии воқеии мавҷудияту ҳастии ин ё он миллатро ифода намуда, дар мероси фарҳангӣ ва осори илмии хусусияти гуманитарӣ дошта, дар осори мутафаккирони нобиғае, чун Мавлоно ва ҳамтоёни онҳо инъикос меёбад. Унсурҳое, чун мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб, аз нуктаи назари мо ин ҷо ниёз ба шарҳе надоранд. Мансубияти шаҳрвандӣ чунин унсури худшиносии миллӣ аст, ки ҳисси мутааллиқии шахсро ба давлати мушаххас дар асоси талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва анъанаҳои умумии дар ҷомеаи он қабулшуда ифода мекунад.

Аз ин нуқтаи назар, ки дар боло оид ба худшиносӣ зикр гардид, инсони худшинос аз назари Мавлоно инсони мустақилест, ки ба худ ва ақли хештан эътимод дорад. Чунин инсони худшинос, ки палла-палла бо нардбони ақлгароӣ ва худшиносӣ ба сӯи камолот қадам мениҳад, тамаъ бар дигарон надорад ва чунонки ба молу мулки мардуми бегона дастдарозӣ намекунад, кору рафтор ва кирдору пиндори бегонагонро низ қабул надорад:

Дар замини мардумон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба истифода аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта таваҷҷуҳи мардумро ҷалб сохта, таъкид доштанд, ки ҳамаи мо бояд «барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем». Дар ин росто, Пешвои миллат дар мазаммати тақлидкорӣ аз ашъори Мавлоно як иқтибосе оварданд, ки хеле баҷо ва муассир буд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Дар ҳақиқат ҳам, тақлидкорӣ пешаи хеле номатлуб буда, махсусан дар соҳаи илму фарҳанг ба карахтию бозмондагӣ ва бозгашт ба аслҳои фартутшудаю аз зарурат бурунгардида ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно зимни таҳқиқи маърифати ақлонии олам ба мавзӯи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод дахл намуда, таъкид мекунад, ки ақл қобили таъвили хештан буда, барои инсон дониши зиёде медиҳад. Тақлид, пайравии кӯр-кӯронаро мутафаккир дар зери тозиёнаи танқид мегирад. Зеро муқаллид аз назари ӯ монандаи карест, ки дар як ҳазл ду бор механдад – бори аввал дар қатори дигарон ба тақлиди онҳо ва бори дигар ба фаҳми худ. Тақлид барои Мавлоно зидди иҷтиҳод аст ва дар ҳар ду навъи худ – тақлид дар усул ва тақлид дар фурӯъ бо дин мухолифат дорад. Аз ин рӯ, ба ақидаи мутафаккир, мӯъмини ҳақиқӣ ба олам бе тақлид назар мекунад. Дар ин бобат дар дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ» омадааст:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.

Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,

Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?

Бе зи тақлиде назарро пеша кун,

Ҳам барои ақли худ андеша кун.

Чунин андешаҳои Мавлонои Балхӣ оид ба таносуби ақлгароӣ, худшиносӣ ва тақлидкорӣ таълимотеро дар фалсафаи муосир ба ёд меоранд, ки онро бо истилоҳи «бегонашавӣ» ифода мекунанд. Худи бегонашавиро ҳамчун раванди иҷтимоие шарҳ медиҳанд, ки фаъолияти инсон ва натиҷаҳои онро ба қувваи мустақили ҳукмрон ва адоватнок бар ӯ табдил медиҳад. Асосгузорони ин таълимот Карл Маркс, Эрих Фромм ва дигар файласуфони ғарбӣ буда, ақидаҳои онҳо ба мутафаккирони шарқӣ низ таъсир гузоштаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Иқбол дар ибтидои асри ХХ оид ба чунин бегонашавӣ дар назди худ савол гузошта – «Мешиносӣ, асри мо бо мо чӣ кард?» ва ба он ҷавоб гуфтааст: «Асри мо моро зи мо бегона кард».

Раванди фавқуззикр ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ- аз иқтисодӣ то иҷтимоӣ, аз гурӯҳӣ то инфиродӣ хос аст. Вале дар замони ҷаҳонишавӣ беш аз ҳама бегонашавии инсон дар соҳаи фарҳанг хатари зиёд дорад. Баъзе нишонаҳои ин раванд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ таҳти омилҳои гуногун, хусусан бо дастгирии кишварҳо ва ташкилоти маълуми хориҷӣ, дар байни гурӯҳе аз бехабарон мушоҳида мегарданд, маҳз натиҷаҳои ҳамин зуҳуроти бегонашавиянд.

Дар робита ба ин, мардуми моро зарур аст, ки имрӯз ҳам таҳти ҳидояти Мавлоно ва садҳо донишмандони дигари бузурги худ рафтор намуда, аз ҳар гуна тақлидкориҳо худдорӣ намояд. Ин амалро махсусан дар тарзи либоспӯшӣ ва симои зоҳирӣ бояд тақвият диҳем, зеро агарчи ин унсурҳо дар мадди аввал ҷузъӣ ба назар мерасанд, вале дар ниҳояти кор сабабгори косташавии пояҳои бунёдии фарҳанги миллат мегарданд. Ба қавли Мавлоно:

Хештан нашнохт мискин одамӣ,

Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.

Хештанро одамӣ арзон фурӯхт,

Буд атлас, хеш бар далқе бидӯхт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати ҳуқуқбунёд аст, тибқи Конститутсияи он сарватҳои фарҳангӣ ва маънавӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Либос ва симои зоҳирӣ низ ҷузви ҷудонашавандаи фарҳанги миллат ва болотар аз ин, муаррифи нахустини миллатанд. Аз ин рӯ, имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки дар самти ҳимояи ин унсурҳои фарҳангии хеш тибқи талаботи банди 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои муассир андешида шаванд. Қабл аз ҳама, бо суханони донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба чунин ашхос ва хоҷагони онҳо, ки ба роҳи хатои бегонашавӣ рафтаанд, муроҷиат намуда, таъкид бояд кард:

Диди худ магзор аз диди хасон,

Ки ба мурдорат кашанд ин каргасон.

Дар анҷоми сухан хотиррасон месозем, ки маҳз ба ҳамин аҳамияти беназири эҷодиёти Мавлоно ва роҳнамоиҳои ӯ, ки муддати зиёде ба мардум хидмат намуда ва солиёни тӯлонӣ боз хидмат хоҳанд кард, ишора карда, Пешвои миллат зикр намудаанд: «Инсонияти гирифтори мушкилоти рӯзафзуни маънавӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ба ин иршодҳо бештар ва бештар ниёзманд хоҳад гардид ва аз ин рӯ бо эътимоди комил метавон гуфт, ки паёми Мавлоно роҳнамои васли матин ва шикастнопазири инсоният ва рамзи камоли ҳақиқии он хоҳад буд».

Февраль 10, 2019 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад