Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Февраль 20, 2019 13:14

ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода шунида шуд.

Дар робита бо ин дар бораи ба роҳ мондани сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва рақамикунонии бойгониҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ”дар таҳрири нав, роҳандозии тартиби мустақими бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва андозҳо дар низоми “онлайн” бо истифода аз корти миллӣ, ВИЗА ва МАСТЕРКАРД, фаъол гардидани Системаи электронии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ва қабули бастаи қонунҳо дар доираи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук бо пешниҳоди дар маҷмуъ 30 имтиёзу сабукиҳо барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ иттилоъ дода шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзнома  муаррифии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба натиҷаҳои таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда пешниҳод гардид.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм гузориш дод.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Ҳамрализода баромад карда,  масъалаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсиониро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин Вазири адлия Рустам Шоҳмурод, Роҳбари  Намояндагии  Барномаи рушди СММ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа  Меҳта,  Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Ян Питер Олтерс, Намояндаи Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон Лючиано Колестини, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромова, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимов, Директори Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо” Ҳакимниё Илҳомиддин ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 20.02.2019

Февраль 20, 2019 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода