Исомиддин Шарифов: Ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби наҳзат аз гурӯҳҳои террористии ДОИШ, «Ал-қоида» ва «Ҷабҳат ан-нусра» фарқе надорад

Февраль 15, 2019 14:37

ДУШАНБЕ, 15.02.2019./АМИТ «Ховар»/.  «Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз гурӯҳҳои террористии динии ДОИШ, «Ал-Қоида», «Ҷабҳат-ан-нусра» ҳеҷ фарқе надорад», — иброз дошт имрӯз  корманди Маркази оянданигарии Академияи илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа  Исомиддин Шарифов дар барномаи таҳлилии «Соярӯшан»-и радиои «FM Ховар».

Бино ба гуфтаи ӯ, «ташкилоти террористӣ – экстемистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)   тайи солҳои 70-уми асри гузашта  зери фаъолияти ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар, бахусус давлатҳои исломӣ таҳсил кардаанд ва   бевосита ба шуури эшон таълимоти  бегонапарастиву ифротгароёна ҷой гирифта буд, ташкил гардид. Баробари пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, фаъолони ТТЭ ҲНИ зери сарпарастии хоҷагони хориҷии худ барои дар фазои сиёсии кишвар  амалӣ намудани стратегияҳои ҷангҷуёнаву харобкорона, ки  қаблан берун аз мамлакат тарҳрезӣ шуда буданд, кушиш ба кор бурданд.    «Амалҳои инфиҷорӣ, қатлу куштори ваҳшиёнае, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ таи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кард, аз амалҳои гушношуниди дигар созмонҳои террористии динӣ, ба монанди ДОИШ, «Ал-қоида», «Ҷабҳат ан-нусра» ҳеҷ фарқияте надошт” —  гуфт ӯ…

Хотиррасон мешавем, ки  барномаи таҳлилии «Соярӯшан» рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соатҳои 10:30 ва 16: 30 ҳар ҳафта аз мавҷи радиои «FM Ховар» садо медиҳад. Суғдмеҳри Маъруфзод, муаллиф ва барандаи барнома дар бахши имрӯзаи он мавзӯи «Фарқияти  ТТЭ ҲНИ аз ДОИШ, «Ал-қоида» ва «Ҷабҳат ан-нусра»-ро дар суҳбат бо Маҳрамбеки Анварзод — муовини Маркази исломшиносии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ва Исомиддин Шарифов -корманди маркази оянданигарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор додааст.

Таҳлилу баррасии  мавзӯи «Фарқияти  ТТЭ ҲНИ аз ДОИШ, «Ал-қоида, «Ҷабҳат ан-нусра» имрӯз такроран соатҳои 16-30 аз мавҷи радиои «Ховар FM» дар барномаи таҳлилии «Соярӯшан» садо медиҳад.

Февраль 15, 2019 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд