ИЗҲОРОТИ ВКД ҶТ: «Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич аз кирдораш пушаймон шуда, ба Ватан баргашт»

Февраль 15, 2019 15:15

ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 15 феврали соли равон Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, соли таваллудаш 19.05.1985, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эиндховени Шоҳигарии Ҳоланд зиндагонӣ мекард, ихтиёран ба Ватан баргашт.

«Номбурда ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз корҳои  кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам», — омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Вазорат дар идомаи изҳорот аз забони Шарофиддин Гадоев овардааст: «Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Ман даъват мекунам, ки дигар нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд, низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд».

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.

Февраль 15, 2019 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид