КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Фоҷиа дар ноҳияи Айнӣ
ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар навраси ноболиғ 23 феврали соли 2019 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар рӯи иншооти обӣ ба бозии хоккей машғул гардида, зери яхи обанбори сунъӣ ғарқ шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
«Наврасон зимни бозӣ дар рӯи яхи тунуки обанбор, ки дарозиаш қариб 70 метр ва чуқуриаш 6 метрро ташкил медод, зери ях фурӯ рафта, дар натиҷа ҳалок гардидаанд»,- иттилоъ медиҳад сарчашма.
Ҳангоме ки наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ҷасади яке аз наврасон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ аллакай аз об бароварда шуда буд. Новобаста аз он ки корҳо шабона бурда мешуданд, наҷотдиҳандагон тавонистанд ҷасади наврасони боқимондаро бароварда, ба хешовандонашон супоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон қатъиян талаб мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд.








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






