Китоби «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» ба нашр расид

Февраль 20, 2019 10:37

ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ»-и номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулмумин Қутбиддинов ба нашр расид.

Тавре Абдулмумин Қутбиддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт: «Китоби мазкур аввалин рисолаи илмӣ вобаста ба таърихи пайдоиш, мундариҷаву мавзӯъ, хусусиятҳои жанрӣ ва дигар паҳлуҳои мавҷудияти матбуоти маҳаллӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки то имрӯз доир ба паҳлӯҳои мухталифи рушди матбуоти тоҷик муҳаққиқон бисёр навишта бошанд ҳам, вале мавҷудият ва рушди матбуоти маҳаллӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд. Муаллифи китоби мазкур тавонистааст паҳлуҳои норавшани ин масъаларо таҳлил намояд.

Ба андешаи муҳаққиқон, заминаи пайдоиши матбуоти маҳаллии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» мебошад, ки соли 1930 бо номи «Роҳи колхозӣ» таъсис ёфтааст.

А. Қутбиддинов дар китоби худ навиштааст, ки соли 1940 теъдоди умумии матбуот 83 ададро ташкил медод ва соли 1948 он то 60 номгӯй поин рафт. Аз ҷумла, дар ин муддат 9 номгӯй нашрияи маҳаллӣ кам гардид.

Мавриди зикр аст, ки 10 марти соли 2012 Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик бо ёдоварӣ аз се марҳилаи рушди матбуоти тоҷик, яъне давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлол ибрози андеша намуданд.

Муаллифи китоб аз таҳлилҳо ба хулосае омадааст, ки нақши матбуоти маҳаллӣ дар баланд бардоштани маърифатнокӣ ва рушди маҳал бориз мебошад. Зеро тавре мегӯянд, матбуот воситае мебошад, ки роҳи рушд ва маънавиётро нишон медиҳад.

Китоби «Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ» ба пажӯҳишгарону омӯзгорони журналистика, донишҷӯёну алоқамандони соҳа ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Февраль 20, 2019 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад