MADE IN TAJIKISTAN. Обҳои ташнагишикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» дар озмуни «Проэкспо-2019» дар Москва беҳтарин дониста шуданд!

Февраль 23, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 23.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чор корхонаи тавлидотии Тоҷикистон- «Нурфуд», «Евро Азия-2005», «Сахо К», «Тавҳид ва компания» дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2019», ки дар пойтахти Россия- шаҳри  Москва доир гардид, маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА  иттилоъ медиҳад.

«Продэкспо-2019» яке аз намоишгоҳҳои бузурги маҳсулоти ғизоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он беш аз 2500 ширкат аз 69 кишвари ҷаҳон, назири Россия, Тоҷикистон,  Беларус, Гурҷистон, Туркия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Германия, Чин, Ҳолланд, Ӯзбекистон, Уругвай ва дигар давлатҳои ҷаҳон ширкат намуданд.

Дар доираи намоишгоҳи «Продэкспо-2019» ҳамзамон озмуни байналмилалии «Маҳсулоти беҳтарин-2019» баргузор гардид. Дар он маҳсулоти  корхонаи тавлидотии Тоҷикистон- ҶСП «Евро Азия-2005», аз ҷумла  обҳои ташнагишикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» аз ҷониби ҳакамони   озмун беҳтарин дониста шуд. Ширкати «Евро-Азия -2005» бо  дипломи фахрӣ,  мукофоти «Ситораи тиллоӣ»  ва «Медали тиллоӣ»  сарфароз гаронида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки иштироки корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2019» бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Февраль 23, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид