«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД». Таҳти ин ном дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ лоиҳаи илмию тадқиқотӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Устодон ва ходимони илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ду лоиҳаи илмӣ-«Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 2016-2020) ва «Масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқот бурда истодаанд. Ин матлабро имрӯз ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Зикр гардид, ки дар лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» паҳлўҳои гуногуни фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мавриди омўзиш қарор гирифтаанд, аммо аз ҷиҳати илмӣ-тадқиқотӣ аввалин маротиба ин кор аз ҷониби устодони Донишкадаи мазкур ба роҳ монда шудааст.
Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар Донишкада бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конференсияҳои илмию байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки бо 12 муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.
«Дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ороми шаҳри Хабаровск, Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Самараи Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Астрахан од ба табодули донишҷӯён музокирот ба роҳ монда шуда, ҷиҳати амалигардонии ин ҳадаф дар соли 2019-2020 чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд»,- иброз намуд Абдухалил Ғафурзода.








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






