Масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Норак, Ёвон ва Сангвор ҷарима шуданд

Февраль 2, 2019 10:02

РАШТ, 02.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт соли 2018 нисбат ба 4914 нафар ронандагону соҳибкорон, ки қонунгузории соҳаи  нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Маблағи  ҷаримаи онҳо 675 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мутахассисони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт,  мушкилоти асосӣ дар роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар минтақа аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат мебошад.

То  имрӯз 3 ҳазору 917 нафар бинобар риоя накардани талаботи моддаҳои 322, 323, ва 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.     Инчунин ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд», дар роҳҳои автомобилгарди минтақа назорати ҷиддӣ гузаронида, 118 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашониро барои  риоя накардани ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин бо маблағи 295 000 сомонӣ ҷарима намудаанд.

Дар назорати  раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт   1965 км роҳҳои мошингард мавҷуд аст, ки аз ин 484 км роҳи байналмилалӣ, 368 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 1112 км роҳи маҳалӣ  мебошад.

Барои таъмиру нигоҳдории ин роҳҳо дар минтақаи Рашт 12 адад муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар асоси иҷозатнома хизматрасонӣ менамоянд.

Мутаассифона, соли 2018 бинобар хунукназарӣ ҷиҳати нигоҳдории роҳҳои мошингард нисбат ба сардори муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар шаҳри Норак Сафаралӣ Саидов, сармуҳандиси МДНРА дар шаҳри Норак Холмаҳмад Худойбердиев, самуҳандиси МДНРА дар ноҳияи Ёвон ва сардори МДНРА дар ноҳияи Сангвор  аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, тариқи судҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур аз онҳо ҷаримаҳо ситонида шуданд.

Февраль 2, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад