Мавлуда Қаландарзода: «Сифати баррасии парвандаҳо беҳтар ва бекоршавии санадҳои судӣ кам гардидааст»
ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида сифати баррасии парвандаҳо беҳтар ва бекоршавии санадҳои судӣ кам гардид. Дар ин бора Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ба гуфтаи М. Қаландарзода, соли 2018 317 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 260 — то бо роҳи назоратӣ ва 14 адад дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
«Дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 ариза ва шикояту дархост ворид гардида, аз ин шумора дар марҳилаи якум 2 ҳазору 629 адад баррасӣ гардиданд», — гуфт мавсуф.
Зикр гардид, ки соли 2018 зиёда аз 1 ҳазору 700 адад парвандаҳо моҳиятан баррасӣ ва аз рӯи онҳо ҳалномаҳои судӣ қабул карда шуданд.
«Соли 2018 сарбории судяҳо 3 ҳазору 220 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст. Бекоршавии қарорҳои судӣ 36 адад мебошад. Назар ба соли гузашта сифати баррасии парвандаҳо беҳтар ва бекоршавии санадҳои судӣ кам гардид», — афзуд Мавлуда Қаландарзода.
Гуфта шуд, ки соли сипаригардида зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ аз рӯи тамоми аризаҳои воридгардида зиёда аз 5 миллиону 362 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






