ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон барф меборад

Февраль 21, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 21.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  дар назар буда, дар ғарби вилоят барфи кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои абрноки бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  15-20 ва рӯзона 5-10  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ  барф меборад. Шамол аз самти ғарб  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва  рӯзона  0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва  рӯзона 3-8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда,  барф меборад. Дар баъзе минтақаҳо барф шиддат ёфта, туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 3-8 то 10-12  ва  рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 21, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад