Ҷоми ФФТ: «Истиқлол» ду ғалабаи пайдарпай ба даст овард

Февраль 18, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзҳои истироҳат ду бозии мавқуфгузоштаи худро барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои КМВА «Помир» ва  «Шоҳмансур» гузаронида, ғалаба ба даст овард.

Тавре сомонаи расмии клуб хабар медиҳад, баъди бозгашт аз вохӯрии муқаддамотии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо АГМК-и Ӯзбекистон  «Истиқлол» ширкати худро дар мусобиқаи анъанавии Ҷоми ФФТ идома медиҳад.

Дар вохӯрии аввал истиқлолиҳо ба дарвозаи КМВА «Помир» панҷ голи беҷавоб заданд. Ду тӯбро Комрон Турсунов ба нишон расонид.

Дар вохӯрии дуюм ба Алишер Ҷалилов муяссар гардид, ки ба дарвозаи дастаи «Шоҳмансур» 2 тӯб занад.

Ҷоми ФФТ

Бозии даври 1-ум

КМВА «Помир» — «Истиқлол» — 0:5

ГолҳоКомрон Турсунов, 2 (0:1). Алексей Ларин, 6 (0:2). Комрон Турсунов, 23 (0:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 70 (0:4). Эҳсони Панҷшанбе, 82 (0:5).

Даври 2-юм

 «Истиқлол» — «Шоҳмансур» — 5:2

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 10 (1:0), Шаҳром Самиев, 27 (2:0), Фирдавс Қурбонов, 30 (2:1), Алишер Ҷалилов, 55, аз пеналти (3:1). Алишер Ҷалилов, 75 (4:1). Умед Бадалов, 77 (4:2). Муҳаммад Ҳакимзода,  аз пеналти 88 (5:2).

Бозиҳои боқимонда:

Даври  3-юм

19 феврал (сешанбе)

Оғоз соати 14:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

 Даври 4-ум

20 феврал (чоршанбе)

Оғоз соати 14:00

«Истиқлол» – «Кӯктош»

Даври 5-ум

22 феврал (ҷумъа)

Оғоз соати 14:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

 Даври 6-ум

23 феврал (шанбе)

Оғоз соати 14:00

«Истиқлол» – «Ваҳдат»

Февраль 18, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад