Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад»

Февраль 23, 2019 12:59

ДУШАНБЕ, 23.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маҷлиси  тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки ба ҳайати гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. «Аслан, тавре ки ман борҳо таъкид кардаам, кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад», — гуфтанд Сарвари давлат.

Тавре Пешвои миллат хотирнишон намуданд, мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Лекин дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонида истодаанд. Дар ин раванд, мафҳумҳои «радикализми исломӣ» ва «экстремизму терроризми динӣ»-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон мансуб медонанд.

«Ва ин дар ҳолест, ки ислом табиатан ва моҳиятан ҷаҳонбинии сулҳу салоҳ мебошад ва бо хушунату зӯроварӣ, ҷангу хунрезӣ ва терроризму экстремизм умумияте надорад», — иброз доштанд  Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки  ин масъалаҳои муҳим дар ҷараёни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд ҳамеша дар назар дошта  шаванд. Мардум, хусусан,   наврасону ҷавонон бояд инро дақиқдарк намоянд, бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунанди иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд.

Дар иртибот ба воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир Пешвои миллат хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро даъват намуданд, ки аз пештара дида, зираку ҳушёр бошанд, омодагии ҷангиро ҳамеша дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд ва қодир бошанд, ки мувофиқи вазъият амал карда тавонанд.

«Бори дигар хотирнишон месозам, ки асоси муваффақиятро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои қадимтарини дунё таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошанд», — гуфтанд Сарвари давлат.

Февраль 23, 2019 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид