Рамазон Раҳимзода: «Нисбат ба падару модарон ва масъулини мактабҳо беш аз 16 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд»

Февраль 14, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз тарафи ноболиғон 907 ва аз ҷониби ҷавонон 4 ҳазору 965 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад, дар ин бора имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, бо вуҷуди он ки аз ҷониби масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд, мутаассифона, аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ин давра содиргардида 25 фоизаш ба хонандагони мактабҳо рост меояд.

Зимнан, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки зиминаи ҳуқуқии  ин масъаларо фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки мақсади асосии Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буда, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълим додани фарзандон мебошад.

Лекин имрӯз ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе аз волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба ин масъала хунукназарӣ мекунанд ва ё онро нодида мегиранд.

Дар робита ба ин Рамазон Раҳимзода гуфт: «Барои иҷро нагардидани муқаррароти Қонунии мазкур нисбат ба падару модарон, шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 16 ҳазору 340 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд».

Солҳои охир яке аз масъалаҳое, ки дар сархати расонаҳо қарор дорад, ин таҳсилоти ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар мебошад. Ба иттилои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар натиҷаи андешидани тадбирҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳо бо падару модарон 77 нафар шаҳрвандоне, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зикр гардид, ки соли 2017 аз тарафи ноболиғон 690 ва аз ҷониби ҷавонон 5 ҳазору 286 ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ба хулосае мерасем, ки ҷинояткорӣ миёни ноболиғон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли равон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон сабаби ба ҷиноят даст задани  ноболиғонро дар бемасъулиятии волидайн,  атрофиёни онҳо ва бе шуғл будани ин қишри ҷомеа маънидод кард.

Февраль 14, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид