Роҳбарияти донишкадаҳои соҳибкорӣ ва хизмат, тарбияи ҷисмонӣ, фарҳанг ва санъат ба саволҳои хабарнигорон посух доданд

Февраль 6, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 06.02.2019./АМИТ«Ховар»/. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳайати устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар бораи сайёҳӣ китобу дастурҳои таълимӣ ба нашр расониданд. Инчунин дар ин сол дар Донишкада нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ,  номзади илмҳои иқтисодӣ Исломбек Хоркашов 5 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд.

Ба маълумоти номбурда, дар назди Донишкада инчунин Маркази рушди касбият ифтитоҳ гардид, ки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳбалад омода мекунад. Ҳамзамон дар ин сол дар Парки инноватсионию технологии Донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, мутахассисони кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони чинӣ, курсҳои компютерӣ ташкил карда шуданд.

Дар айни ҳол донишкада мутахассисони соҳаи сайёҳиро дар самти «Сайёҳат ва меҳмондорӣ» ва «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ» омода менамояд. Барномаи таълимии донишҷӯён аксаран аз фанҳои гуманитарӣ иборат аст. Кормандони ояндаи соҳаи сайёҳии кишвар илмҳои сиёсатшиносӣ, таърих, ҷамъиятшиносӣ ва адабиёти хориҷӣ меомӯзанд.

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо мақсади   беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва ба роҳ  мондани низоми таълим тибқи  талаботи меъёрӣ  сохтори нав  таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанг тасдиқ гардид. Тибқи ин сохтор, якчанд кафедраи нав:  бойгонишиносӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис ёфт.  Ин нуктаро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада, профессор Хайриддин Идиев иброз дошт.

Ба иттилои номбурда, дар донишкада мувофиқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар   зинаҳои  таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нави драматургия, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, Низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис ёфта, соли равон  аз рӯи ин ихтисосҳҳо қабули довталабон сурат мегирад.

«Дар доираи  татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон факултети санъати мусиқии мардумӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи пурраи низоми кредитии таълим синфхонаҳои лексионӣ  бо воситаҳои техникии муосир таъмин гардиданд.  Дар ин муддат дар ду ихтисоси донишкада – саёҳат-меҳмондорӣ ва рӯзноманигори телевизион гурӯҳҳои таълимии бо забонҳои русӣ ва англисӣ тадрисшаванда таъсис дода шуданд»,- гуфт Хайриддин Идиев.

Соли 2018 донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Ин нуктаро ректори Донишкадаи мазкур Шодӣ Сафаров 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

«Мояи ифтихор аст, ки яке аз хатмкардаҳои Донишкадаи мо Шаҳбоз Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён дар шаҳри Элистаи Федератсияи Россия ҷойи аввалро ишғол намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон намуд»,- афзуд Шодӣ Сафаров.

Ба зикри номбурда, донишҷӯёни донишкада ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар ҷавоб ба дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат бо муваффақиятҳои нав Тоҷикистонро дар арсаи байналмлалӣ муаррифӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки варзишгари тоҷик Шаҳбоз Неъматуллоев моҳи сентябри соли 2018 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён дар Федератсияи Россия боксчии Россия Муҳаммадрасул Сулаймоновро мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон гардид.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз дастпарваронии дигари донишкада Хушқадам Хусравов соли 2018 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия–шаҳри Бухарест баргузор гардид, медали тилло ба даст овард.

Февраль 6, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад